Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

РОҒУН-ШАҲРИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Обанбори неругоҳи «Роғун» ба мавзеи ҷолиб табдил ёфта, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамояд

Роғун ҳамчун шаҳри рушдкунандаи саноатӣ дар оянда дар ҳоли пурра ба истифода додани  Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконияти бештареро барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳиб мегардад, зеро обанбори неругоҳ дар оянда ба мавзеи сайёҳӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи  ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамояд. Дар ин робита моҳи апрели соли равон «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» қабул гардид. […]