Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку бо Намоишгоҳи СПЕКА шинос шуданд

24 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Намоишгоҳи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои кишварҳои аъзои СПЕКА дар ҳошияи саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот доир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла қайд карданд, ки мо ба муносибатҳои боэтимоди байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Минск бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд. Доир ба ҷараёни […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Русия дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин мулоқот карданд. Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии «Аксон»-и ҶДММ «Наргиз»-ро мавриди истифода қарор доданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд. Маркази ташхису табобатии “Аксон” дар бинои сеошёна дар ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии «Мармед»-ро ба истифода доданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии “Мармед”-ро ба истифода доданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, аз 6 ошёна, таҳхона ва 36 кати хоб иборат мебошад. Муроҷиаткунандагон метавонанд дар […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ оғоз бахшиданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти оҳану бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷсохтмон”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навтаъсиси соҳаи саноат дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – […]
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматиро барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ ифтитоҳ намуданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд. Бинои истиқоматӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои истиқоматиро ба […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд

14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят дидан карда, бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд. Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус намоиши картошка 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро ифтитоҳ намуданд

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассиса соли 1967 барои таҳсили 320 […]