Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони «Ситораҳои дурахшон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 ба номи “Ситораҳои дурахшон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нав аз се ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи 200 нафар кӯдак пешбинӣ […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи рақами 1»-ро ба истифода доданд

14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Хистеварз Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи типи нав, ки […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд. Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шудааст. Таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи […]

Мулоқот бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ

18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон ва дар ин зимн ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ […]

Мулоқот бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс

29.09.2023 21:15, Олмон 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд. Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо […]

Иштирок дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон

29.09.2023 19:00, Олмон 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ карданд. Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судмандро мавриди муҳокима қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои […]