Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Москва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» баррасӣ гардид

7 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» Максим Шилов мулоқот намуд.  Зимни мулоқот тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ду давлат, аз ҷумла иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» (18-20 марти соли 2025) ва масоили дигари мавриди эҳтимоми тарафҳо баррасӣ гардид. […]

Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Душанбе дар моҳи сентябри 2025 баргузор мешавад

Соли 2025 Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Душанбе дар нимаи дуюми моҳи сентябр баргузор мешавад. Намоишгоҳ бо дастгирии роҳбарияти пойтахт ташкил карда мешавад. “Мо итминон дорем, ки Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Душанбе ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, аз ҷумла ба Душанбе. Чорабини ҳамчунин ба намоиши қобилият ва зерсохтори соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад […]

Иштирокчиёни нахустин “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе” Тоҷикистонро беҳтарин макони сайёҳӣ номиданд

Суханрон дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Душанбе (DITE) Тоҷикистонро беҳтарин макони гардишгарӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон эълом карданд. Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе тоҷирон ва саноатчиёни Покистон стендҳои гуногун гузошта, дар чорабиниҳои гуногуни саноатӣ ва тиҷоратӣ иштирок карданд. Дар намоишгоҳ соҳибкорони бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва […]

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имруз дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ, ки аз 12 – 15 феврали соли 2024 баргузор мегардад ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар чорабинии болозир ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиёдулло раҳбарӣ намуда, дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва ширкатҳои сайёҳии кишвар гушаи сайёҳии […]

Иштирок дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сайёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин (EMITT)

Дар ҳошияи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкориҳои сайёҳӣ байни Тоҷикистону Туркия ҳайати Тоҷикистон дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сайёҳати минтақаи шарқии баҳри Миёназамин (EMITT) ширкат варзид. Зимни ташрифи EMITT ҳайати кишвар бо роҳбарияти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ (TÜRSAB), Иттиҳоди сармоягузорони соҳаи сайёҳӣ (TTYD), Ширкати ҳавойпаймоии Туркия (Turkish Airlines) ва дигар ташкилотҳои тиҷоратию […]

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “QTM-2023” дар шаҳри Давҳа

20 ноябри соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Намоишгоҳи байналмалилаии сайёҳии ифтитоҳи расмии “QTM-2023” баргузор гардид. Дар намоишгоҳи мазкур, ки то 22 ноябр идома меёбад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои саёҳии ватанӣ иштирок намуда истодаанд. Дар ғурфаи Тоҷикистон маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маводди таблиғотии марбут ба […]

Анҷоми намоишгоҳи сайёҳии World Travel Market

Шаҳри Лондон ин навбат низ макони баргузории чорабинии бошукӯҳи сайёҳии ҷаҳонӣ гардид. Тӯли се рӯз дар пойтахти Британияи Кабир ҳамоиши бошукӯҳи Бозори Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ва ё World Travel Market баргузор гардид, ки ниҳодҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии аксари кишварҳои оламро ба ҳам овард. Лозим ба зикр аст, ки дар ин ҳамоиш ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои олам, ширкатҳои […]

Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии World Travel Market (WTM) дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (Шоҳигарии Муттаҳида)

Аз 6 то 8-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM оғоз гардида истодааст, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Презиженти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои хизматрасони самти сайёҳӣ, намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли армуғонҳо, […]