Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРОҒАТУ ТАБОБАТ ДАР ЗУМРАД. Муассисаҳои санаториву курортии Тоҷикистон барои истироҳати меҳмонону сайёҳон омода мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд. Ин осоишгоҳҳо барои истироҳати меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди ҳам истироҳат ва ҳам табобат фароҳам меоранд. Осоишгоҳи «Шифо» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷойгир аст. Осоишгоҳро истироҳаткунандагон ва сайёҳон ҳамчун макони табобату истироҳат қарор дода, ба он аз ҷиҳати ҳолати хуби санитарию […]