Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш мулоқот намуданд
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар
Дар доираи сиёсати созандаи варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимию
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои нави истиқоматиро, ки барои
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳои сар ба фалак ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят, инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, осоишгоҳи Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон пиряхҳои Помир ва ғайра мусоидат менамоянд.
Соли 2013 Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки муаррифгари Тоҷикистон ба ҷаҳониён оид ба рушди сайёҳии экологӣ ва дарҳои кушод ба сайёҳии берунӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд.
Дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангии сайёҳии Помир таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 12 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи сайёҳиро муттаҳид месозад. Инчунин бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ ва таъмини рақобати озоду солим 13 субъекти хоҷагидор дар вилоят дар самти сайёҳӣ фаъолият мекунанд.
Дар худуди вилоят 50 меҳмонхонаи хурд, аз қабили «Ҳомстей» ва «Гестҳауз» фаъолият мекунанд, ки мақсади асосии таъсис додани ин меҳмонхонаҳо паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба сайёҳон мебошад.
Меҳмонхонаҳои хурд, ки дар заминаи манзили истиқоматии шаҳрвандони маҳаллӣ таъсис ёфтаанд, ба сайёҳони хориҷӣ имкон медиҳанд, ки дар баробари истифодаи ҷойи хоб, аз фарҳанг ва расму ойини миллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.
Осоишгоҳҳо ва курортҳо: дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 осоишгоҳ вуҷуд дорад. Дар ноҳияи Шуғнон дар водии Ҷелондеҳ, дар ноҳияи Ишкошим Авҷ, Гарм Чашма, Бибӣ Фотимаи Зухро.
Мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва зиёратгоҳҳо: дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 251-торо ташкил медиҳанд. Аз ин шумора дар шаҳри Хоруғ 12, ноҳияҳои Давроз 9, Ванҷ 15, Рӯшон 35, Ишкошим 76, Шуғнон 32, Мурғоб 15 ва Роштқала 51-то мебошанд.
Айни замон дар ҳудуди вилоят Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ фаъолият менамоянд, ки дар омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳбаладӣ, идоракунии ташкилоти сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ саҳм гузошта истодаанд.
Вилояти Хатлон
Дар вилояти Хатлон бо дар назар доштани мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа бошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷӣ барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба кишвар ворид мешаванд, меафзояд.
Айни ҳол дар вилоят 4 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, шумораи онҳо бамаротиб зиёд хоҳад шуд.
Дар ҳудуди вилоят 582 ёдгориву мавзеи таърихӣ ва фарҳангӣ, 32 осорхона, 32 ёдгории шаҳрсозӣ, меъмориву монументалӣ, 34 мавзеи табиии истироҳатӣ мавҷуд буда, ба хизмати мизоҷон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 60 меҳмонхона фаъолият доранд. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят 13 истироҳатгоҳу осоишгоҳ фаъолият намуда истоданд.
Самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар вилоят:
сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ – бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Норак, Сарбанд, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг созгор буда, дар ин замина роҳи Балҷувон-Сари Хосор, Кӯлоб-Чилдухтарон ва дар шафати роҳҳо хонаҳои типи нав Ҳомстей, Гестҳаус ва Ҳостел бо хизматрасонии обу ташноб бунёд карда мешаванд;
варзиши лижаронии кӯҳӣ асосан дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шароити мусоид барои ин навъи сайёҳӣ фароҳам буда, дар оянда бунёди базаи лижарониву сайёҳӣ ва аспсаворӣ мақсаднок мебошад;
сайёҳии шикор, моҳидорӣ – бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Балҷувон, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин афзалият дорад. Имрӯз дар байни сайёҳон ҳавасмандии гирифтани мустақилонаи моҳӣ дар ҷараёни сафар, бевосита пухтан ё омода намудани он хеле маъмулу машҳур буда, баҳри ҷалби сайёҳон ба ин минтақа ҳам аз нигоҳи сайёҳии дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ созгор мебошад;
сайёҳии таърихию фарҳангӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шаҳритуз ва Фархор бештар афзалият дорад. Мавриди зикр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб 2700 сол таърих дошта, дар масири Шоҳроҳи Абрешим қарор дорад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо такя ба таърихи бою рангини шаҳри Кӯлоб онро дар соли 2015 ҳамчун шаҳри фарҳангиву таърихӣ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон намудааст;
ҳамзамон, шаҳри қадимаи маркази илмиву фарҳангии Хуталони қадим – Хулбук низ то имрӯз аз нигоҳи меъморӣ сохтмон ва масолеҳи он дар ҷаҳон ҳамто надорад;
сайёҳии солимгардонӣ-санаторӣ, истироҳатӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик афзалият дорад. Боиси ифтихор аст, ки рӯз аз рӯз саноати сайёҳӣ дар ин минтақа рушд ёфта, бо сохтани роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, ба пойтахти мамлакат наздик будани шаҳру ноҳияҳо, аз қабили Норак ва Восеъ ба сохтани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо сармояи дохилӣ тақозо дорад;
сайёҳати динӣ ва зиёратӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Дустӣ, Шаҳритуз, Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг афзалият дорад. Мавриди зикр аст, ки тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда ва тамошобоб мебошанд. Махсусан мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда истодаанд.
Вилояти Суғд
Вилояти Суғд яке аз минтақаи ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои дилкашу беҳамто дар ҷаҳон шуҳрати калон пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки зиёда аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ-деҳаи Панҷрӯд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебои Кӯликалон, Ҳафткӯл, Искандаркӯл ва ғайра мусоидат менамоянд.
Дар вилояти Суғд бо дар назар доштани мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангӣ сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони воридшуда бо намудҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ ва табобатӣ-санаторию курортӣ машғул мешаванд.
Айни ҳол дар вилоят 21 ширкати сайёҳӣ, Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ва ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои рушди сайёҳӣ фаъолият доранд.
Дар ҳудуди вилоят зиёда аз 520 ёдгорӣ ва мавзеъи таърихию фарҳангӣ, 5 осорхона, 33 мавзеи зиёратӣ, 33 мавзеи табиӣ-истироҳатӣ, 13 осоишгоҳ, санаторияву курорт, 19 боғу гулгашт, 10 кӯл, 30 ҳавзи моҳигирӣ, 7 минтақаи шикор, 2 чашмаи шифобахш, 68 дӯкони молу маводи мардумӣ, 191 тарабхона, мавҷуд буда, баҳри хизмати мизоҷон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 49 меҳмонхона фаъолият доранд.
Самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар вилоят:
вилояти Суғд таъриху фарҳанги бою қадима дошта, дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор мавзеъҳои таърихӣ аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд, маҷмааи таърихӣ меъмории Шайх Муслиҳиддин, асрҳои XII-XIX, қалъаи Хуҷанд, асрҳои VIIXIX, мадрасаи Абдулатиф Султон аз асри XVI, маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ аз асри XIX, маҷмааи таърихию меъмории Савристон, асри XVI, масҷиди ҳавзи сангин, асри XIX, мақбараи Эшони Мавлоно, асри XIX, ноҳияи Шаҳристон, шаҳри Шаҳристони қадим-Қаҳқаҳа, қабристонҳои антиқӣ аз асри I-VII, тасвирҳои болои санг аз асри санг ва асрҳои миёна, мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ, мадрасаи Ойим, манораи Майдони Машҳад, мақбараи Хоҷа Такворут, манораҳои Варз, Рарз, Фатмев, маҷмааи меъмории Абулқосим Гургонӣ, мақбараи Нақибхон Туғрал, масҷидҳои Палдорак ва Ревомутк, мадрасаи Олим Додхоҳ, мақбараи Муҳаммад Башоро, мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маскани энолотии Саразм, шаҳраки Панҷакенти қадим, Бунҷикати қадим, қалъаи Чилҳуҷра, мадрасаи Абдуллохон, маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ, мақбараи Хоҷа Рушноӣ мавҷуданд;
қисмати фарҳангию таърихии вилоят аз Саразми Панҷакент (охири ҳазорсолаи IV-аввали ҳазорсолаи II пеш аз мелод) дар водии Зарафшон яке аз ёдгориҳои қадимтарини энеолит ва аввали асри биринҷии Осиёи Миёна мебошад, ки 31 июли соли 2010 Саразм ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омезиш ва такомули чандин маданияти қавми ҳиндуаврупоӣ ба назар мерасад;
маҳз ҳамин махсусияти Саразм боиси таваҷҷуҳи сайёҳон аст. Сайёҳат дар шаҳрҳои бостонии Панҷакент, Хуҷанд, Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дидани мероси археологӣ, таърихӣ ва меъмории мардуми Шарқ барои сайёҳон диққатҷалбкунанда мебошад.
Сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Шаҳристон, Ифара, Ашт ва Истаравшан, ки дорои мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ мебошанд, созгор мебошад. Дар байни сайёҳон ва кӯҳнавардон, махсусан кӯҳҳои Фон машҳур мебошад, ки миёни теппаҳои Зарафшон ва Ҳисор аз Куштударё то Фондарё ҷойгир мебошанд. Дар шаҳри Панҷакент маркази байналмилалии кӯҳии Артуч 76 км дуртар аз шаҳри Панҷакент дар кӯҳҳои Фон ва Кӯли Калон ҷойгир буда, масоҳати 15га-ро дар бар мегирад, ки дорои шароити мусоид барои сайёҳии варзишию кӯҳӣ ва экологӣ мебошад. Искандаркӯл, Кӯли Калон, кӯли Алоуддин, кӯли Ало, кӯли Марғзор, кӯли Ойкул, дараи Охтангӣ, Дараи Кенгкӯл ва Дараи Кӯҳсовлӣ бисёр манзараҳои зебо ва тамошобоб дошта, сайёҳҳон метавонанд бисёр манзараҳои аҷоибро ҳангоми сайёҳати худ дар ин мавзеъҳо ва мавзеъҳои дигари қисмати шимолии Тоҷикистон мушоҳида намоянд.
Сайёҳии табобатию солимгардонӣ, санаторӣ ва истироҳатӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Гулистон, Конибодом, Истаравшан ва Айнӣ афзалият дорад. Дар шаҳри Исфара ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зумрад», дар ноҳияи Ашт табобатгоҳи «Аксикон», дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Осоишгоҳи Юсуфзода», дар шаҳри Гулистон ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Маркази табобатӣ солимгардонии «Соҳил», ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Осоишгоҳи Шифо» ва ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Осоишгоҳи Баҳористон», дар шаҳри Конибодом осоишгоҳҳои «Бодом» ва «Ирам», дар шаҳри Истаравшан осоишгоҳҳои «Ӯротеппа», «Авис сити» ва «Ҳавотоғ» фаъолият менамоянд.
Ин мавзеъҳо бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Осоишгоҳҳои мазкур марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ ва хизматрасонии маданӣ ва маишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълуманд. Ҳамасола саноати сайёҳӣ дар ин минтақа рушд ёфта, бо бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо боз ҳам тараққӣ мекунад ва ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Ноҳияи Лахш
Тавре аз ҷониби олимону сайёҳони гузаштаву имрӯзаи кишварҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳони хитоӣ, арабу форс тазаккур шудааст, водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш дар гузаштаи дур дорои таъриху фарҳанг, алифбову адабиёт ва давлату давлатдорӣ будааст. Дар ҳазораи аввали пеш аз солшуморӣ як шохаи Шоҳроҳи Абрешим тавассути водии Рашт ва Олой гузашта, дунёи шарқу ғарбро ба ҳам мепайвастааст. Ноҳияи Лахш дорои 6 меҳмонхона, 5 ҳомстей, 1 тарабхона, 10 ошхона, 2 осорхона, 2 фурудгоҳи минтақавӣҶиргатол ва Лахш мебошад. Минтақаи Боғи миллӣ 69912га, петроглифҳои Очиқалъа, Қушағба, Қалъаи Чоргул, маконҳои муқаддаси зиёратӣ, қуллаи машҳури И. Сомонӣ, қуллаи Е.Корженевская, кӯлҳои Ҷилондӣ, ҷашнқул, Хариқул, Куштегермон, Калдар, Пиряхи Федченко, Дараи Дашти Қарашур аз ҷаззобтарин ва шуҳратмандтарин мавзеҳои ин ноҳия миёни сайёҳони дохиливу хориҷӣ – дӯстдорони сайри табиату фатҳи қуллаҳои баланди осмонбӯс мебошанд. Дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намадбофӣ, қолинбофӣ, ҷуроббофӣ, сӯзанӣ ва дуторсозӣ рушд кардааст.
Ноҳияи Лахш барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо дар назар доштани мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, рӯду чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли зимистон ҷиҳати ташкил намуди варзиши лижаронӣ шароиту имкониятҳои мусоид дорад. Сайёҳоне, ки дар мавсими асосии сайру гашт, яъне моҳҳои июл-август ба ноҳияи Лахш меоянд, асосан кӯҳнавардон мебошанд ва онҳо танҳо барои фатҳ намудани қуллаи Исмоили Сомонӣ, куллаи Корженевская ва тамошо кардани пиряхи Федченко ва дигар манзараҳо ба ноҳия ташриф меоранд. Дар ҳудуди ноҳияи Лахш филиали Боғи миллии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он 13 пирях: Баралмос, Шағазъ, Музғазъ, Гашлик, Сугран, Шафақ, Москвина, Вантера, Аюжилға, Мушкетова, Шинибини, Фортанбек ва Солдатова, инчунин 4 қуллаи баландтарин, қуллаҳои Исмоили Сомонӣ 7495м., Коржиневская 7105м., Москвина 6785м ва Киров мавҷуд аст. Дар ноҳия 1 осорхона, 3 ҳавз, 20 мавзеи таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла зиёратгоҳҳои Қиз-терек, Чил-тан, Мазори Шоҳтолиб, мазори Арал, мазори Нонбой, Тоқамазор, мазори Бурга, Майдони мазор, Қучқорсанг, мазори Назармерген, теппаи Шаҳидон, Қизқорғон ва дигар осори таърихӣ, расмҳои болои санг, мазори Чоргул, ёдгориҳои таърихии Хоҷаи тавоф, ҳазрати Хоҷааҳмади Валӣ ва Гӯри Манас воқеъ мебошанд. Дар ҳудуди ноҳия дар масофаи 26 км дуртар аз маркази ноҳия, мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Оби шифобахши барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, ревматизм ва дигар касалиҳо давобахш мебошад.
Ноҳияи Сангвор
Ноҳия яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар водии руди Хингоб аз сарҳади ноҳияи Нуробод аз ғарб то қисмати шарқии (мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ) тӯл кашидааст. Ноҳияро дар қисматҳои марказии ағбаҳои Полезаку Харсанг ва дар ҷанубу шарқӣ ағбаи Хобурубот аз ноҳияҳои Ховалингу Дарвоз ҷудо намудаанд. Ноҳияи Сангвор дорои 4 меҳмонхона, 2 тарабхона, 1 осорхона, 10 ошхона, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, маконҳои муқаддаси зиёратӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки симои ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд. Ноҳияи Сангвор дорои 10 мавзеи саёҳати экологӣ, 2 кӯл, 100 чашма ва 20 чашмаи шифобахш, 10 боғу гулгашт, 10 минтақаи моҳигирӣ ва шикор мебошад. Дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сохтани асбобҳои мусиқӣ, табақҳо ва косаҳои чӯбӣ ва дигар ҳунарҳо рушд кардааст. Табиат ва иқлими ноҳия барои занбӯри асалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия зиндагӣ мекунанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экосайёҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, моҳигирӣ ва шикор мувофиқ мебошад.
Ноҳияи Тоҷикобод
Ноҳияи Тоҷикободро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёҳои хурди бисёр ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон аз чап Шӯрак, Қайрма, Диҳдиҳӣ, Тағаяк мебошанд. Аз давраи қадим тавассути Тоҷикобод Роҳи Абрешим мегузашт. 1 меҳмонхона, 1 дӯкони молу маҳсулоти сайёҳӣ, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, 86 чашмаи мусаффо, 1 чашмаи шифобахш дорад. Дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили оҳангарӣ, истеҳсоли табақҳои чубин ва косача рушд кардааст.
Ноҳияи Рашт
Ноҳияи Рашт яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, тавассути он Шоҳроҳи Абрешим мегузашт. Ноҳия дорои 4 меҳмонхона, 2 ҳомстей, 2 тарабхона, 10 ошхона, 3 осорхона, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, маркази эҳёи расму оинҳои миллӣ, маркази иттилоотӣ барои сайёҳон, мавзеъҳои муқаддаси зиёратӣ, иншооти табиӣ, чашмаҳои шифобахш, боғу гулгаштҳо, минтақаҳои моҳӣ ва шикор, маркази интернетӣ, нуқтаҳои хизматрасонии сарироҳӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъор буда, дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ – сохтани табақу косаҳои чӯбӣ, оҳангарӣ, гаҳворасозӣ, сӯзанӣ, қошуқҳои чӯбӣ аҳамияти хос зоҳир мегардад. Ноҳияи Рашт аз захираҳои табиӣ бой аст, мувофиқи маълумоти расмӣ дар ноҳия зиёда аз 13 мавзеъ ва ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд. Табиат ва иқлими ноҳия барои сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ мувофиқ аст. Дар ин ноҳия шаклҳои сайёҳии сайругаштӣ, пиёдагардӣ ва аспсаворӣ, агро-экосайёҳӣ, рафтинг, самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Ноҳияи Нуробод
Як гӯшаи кишвари офтобию биҳиштосои Тоҷикистон буда, таърихи бостонӣ дорад. Шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон таърихи мавҷудияти онро беш аз 3000 сол медонанд, макони тиҷорату савдо, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт. Харобаҳои то имрӯз боқимондаи ин шаҳр шоҳиди шикастхӯрии лашкари пуриқтидори Искандару Чингиз мебошанд. «Дарбанд» маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозаи байни ду водӣ Қаротегин ва Дарвоз буд. Роҳи савдои ҷаҳонии Абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва бешак сокинонаш бо дигар минтақаҳо равобити қавии тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд. Дар ноҳия 2 меҳмонхона, 1 тарабхона, 11 ошхона, 1 осорхона, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, як қатор дӯкони молу маҳсулоти сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, маконҳои муқаддасу зиёратӣ, иншооти табиии экологӣ, инчунин маркази ҳунармандӣ фаъолият менамоянд. Рушди сайёҳӣ дар ноҳия бо иқтидори гуногуншакл ифода ёфтааст: манзараҳои назаррабо, рӯдҳои кӯҳӣ, чашмаҳо, ҷойҳои таърихиву муқаддас ва дигар объектҳои ҷолиби диққат, ки барои сайёҳон ва истироҳаткунандагон диққатҷалбкунанда мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самти асосии рушди сайёҳӣ дар минтақаи мазкур дар рушди сайёҳии экологӣ, аз ҷумла пиёда ва савори асп, рафтинг, моҳигирӣ ва шикор мувофиқ мебошад.
Шаҳри Роғун
Шаҳр барои рушди сайёҳӣ дорои захираҳои бой буда, инфрасохтори нисбатан мукаммал дорад. Иншооти соҳа – истироҳатггоҳи «Оби гарм», Осорхонаи марказӣ, осорхона доир ба осоишгоҳ, оби шифобахши Муллошайх мебошанд. Дар шаҳр масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ минбаъд ба таври ҷиддӣ баррасӣ карда шуда, захираҳои сайёҳии ҳудуди он тавассути васоити ахбори омма бештар муаррифӣ карда мешаванд. Дар баробари ин, сатҳ ва сифати хизматрасонии иншоот беҳтару хубтар карда шуда, тартиби бурдани омори сайёҳони дохилию хориҷӣ бо таври бояду шояд ба роҳ монда мешавад.
Ноҳияи Файзобод
Сайёҳӣ дар ноҳияи Файзобод яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ояндаи наздик маҳсуб меёбад. Мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, табиати дилпазир ва мавҷудияти ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоид мебошад. Ноҳияи Файзобод дорои 4 меҳмонхона, 3 тарабхона, 10 ошхона, маконҳои муқаддаси зиёратӣ, иншооти табиии табобатӣ буда, як гӯшаи ободу зебо, файзбори ҷумҳурӣ аст. Дар ноҳия ҷойгиршавии Вашигриди бостонӣ, яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт ва аз ҳудуди он гузаштани Шоҳроҳи Абрешим аз рушди тиҷорати бузург дар он далолат медиҳад. Осорхонаи ноҳия, ки дар он бозёфтҳои таърихӣ аз асрҳои V-VI мелодӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд, барои ҷалби сайёҳону меҳмонон хеле мувофиқ мебошад.
Шаҳри Ваҳдат
Рушди соҳаи сайёҳӣ бо дар назар доштани мавҷудияти ҷойҳои истироҳативу таърихӣ дар шаҳри Ваҳдат имконияти васеъ дорад. Минтақаи Ромит бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2000, №358 «Дар бораи минтақаи истироҳат ва туризм» ҳамчун минтақаи истироҳатӣ эълон гардидааст. Дараи Ромит бо обҳои мусаффо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебову нотакрораш шуҳрат дорад. Шаҳри Ваҳдат дорои 7 меҳмонхона, 12 тарабхона, 30 ошхона, 35 нуқтаи хӯроки умумӣ ва як қатор мавзеъҳои таърихиву ҷойҳои муқаддаси зиёратӣ мебошад. Мамнӯъгоҳи Ромит ва истироҳатгоҳҳои «Явроз», «Дониш», «Кайҳон», лагерҳои «Афсонаи кӯҳӣ», «Ҳамсафар», лагери мактабии «Роғун», базаи сайёҳии «Ёс», мавзеи экологии Канаск, оби шифобахши Зайрон, 60 иншооти истироҳатӣ, таълимӣ, фароғатӣ ва истеҳсолӣ аз ҷумлаи иншооти сайёҳии шаҳри Ваҳдат буда, 200 хонаи истироҳатӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳоро фароҳам меоранд. Дар ин замина, ободкориҳои дараи Ромит аз нав эҳё гардида, 36 истироҳатгоҳ, 10 лагери мактабӣ, 4 боғи таҷрибавӣ ва истироҳатӣ, корхонаи гулмоҳипарварӣ ва дигарон ба фаъолият оғоз намуда, барқарорсозии дигар истироҳатгоҳҳову табобатгоҳҳо идома дорад.
Ноҳияи Варзоб
Ноҳияи Варзоб барои рушди сайёҳӣ дорои захираҳои бой буда, инфрасохтори мукаммал фароҳам оварда шудааст. Ноҳия дар асоси қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 461 «Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳат, табобати санаторию курортӣ ва туризм дар давраи солҳои 2000-2010» рушд намудааст. Ҳамчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсия ва низомномаи минтақаи истироҳатии ноҳияи Варзоб тасдиқ гардидааст. Дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисобот 920 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин фаъолияти 65 минтақаи истироҳатии оммавӣ-мавсимӣ буда, фаъолияти як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» доимӣ мебошанд, ки дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Дар баробари мавҷуд будани ёдгориҳои таърихӣ, осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон» фаъолияти доимӣ доранд, ки барои табобат ва истироҳати меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳо бо хизматрасониҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.
Шаҳри Ҳисор
Мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнӯъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ дорад. Имкониятҳои сайёҳии шаҳр дар маводи тарғиботӣ-ташвиқотии соҳаи сайёҳӣ, ки аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонида мешаванд, мунтазам инъикос шуда, ширкатҳои сайёҳии кишвар низ ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тавассути пешкаш намудани хатсайрҳои нав ба шаҳри Ҳисор тариқи шаҳри Душанбе тадбирҳои судманд андешидаанд. Шаҳри Ҳисор ба ҷоизаи шаҳрҳои сайёҳии Созмони ҳамкориҳои исломӣ барои соли 2019 пешниҳод шудааст.
Ноҳияи Шаҳринав
Ноҳияи Шаҳринав сарзамини мардуми меҳмоннавоз, минтақаи меваҳои шаҳдбор аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои нотакрори табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои ширини шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои оби мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, ҳайвоноту наботот, як олами нотакрор ва макони беҳтарин сайру саёҳат мебошад. 2 тарабхона, 36 ошхона, 1 осорхона, дараи Қаратоғ, кӯлҳои Париён, Темурдара, Ҷувозак, чашмаи оби сулфурдор дар деҳаи Хоҷаи Бодом, чашмаи Хоҷа Ҳасан дар дараи Қаратоғ инфрасохтори сайёҳии ноҳияро ташкил медиҳанд. Минтақаҳои кӯҳии ноҳия бо тамоми манзараҳои дилкашаш беҳтарин мавзеи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
Шаҳри Турсунзода
Табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва дигар меваҳо, растаниву чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр мавриди истифода қарор гирад. Бахусус, рушди соҳаи сайёҳии экологӣ, сайёҳии кишоварзию саноатӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор, таърихию фарҳангӣ барои шаҳри Турсунзода хос мебошанд. Дар ҳудуди шаҳр база ва истироҳатгоҳҳои сайёҳии «Куран», «Металлург», «Чормағзак», «Қаратоғ», лагери бачагонаи «Ширкент», боғи таърихию табиии «Ширкент» амал менамоянд. Инчунин Осорхонаи санъати амалию халқии устод Мирзо Турсунзода, осорхонаи миллии шаҳри Турсунзода ва осорхонаи корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолият доранд. Дар шаҳр се меҳмонхона, аз ҷумла меҳмонхонаи «Ширкент», «Самандар-21» ва ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд «Дӯстӣ» ба меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷии хизматрасонӣ менамоянд. Шаҳр дорои ёдгориҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла катибаи «Санги бузургвор», мазори «Гаҳворасанг», мазори «Дарвоза», зиёратгоҳи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа, воқеъ дар деҳоти «Қаратоғ», зиёратгоҳи ҳазрати Баҳовудини Балогардон, воқеъ дар деҳоти 10-солагии Истиқлолият, мақбараи Хоҷа Нақшрон, воқеъ дар деҳоти ба номи Турсун Туйчиев мебошад. Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳр ин хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи оҳуи холдор, воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ-табиии «Ширкент», саёҳати кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми куҳна» дорои табиати нотакрор дар дараи Ширкент мебошад. Инчунин дар шаҳр бештар аз 20 муассисаи истироҳативу солимгардонӣ, аз ҷумла корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Табибон», «Шифо», «Эдем Аква», «Азиза», «Муфид» ва дигарон амал менамоянд. Дар баробари ин, имкониятҳои мавзеъҳои Патру, дараи Ҳакимӣ, Париён ва кӯли Темурдара аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақа ба ҳисоб мераванд. Тавре масъулини Осорхонаи санъати амалию халқии устод Мирзо Турсунзода иттилоъ доданд, дар соли 2017 бештар аз 20 ҳазор нафар ба осорхона ташриф оварданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардум бо эҳсоси баланди худшиносӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва ин ҳолат ба рушди сайёҳии дохилӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, қайд кардан бамаврид аст, ки тавассути хатсайри дараи «Қаратоғ» сайёҳон имкон доранд ба хатсайри дигари сайёҳӣ, аз ҷумла «Искандаркӯл» ворид гарданд.
Ноҳияи Рӯдакӣ
Дар самти ҷануби Тоҷикистон дар водии Ҳисор ҷой гирифтааст. Доманакӯҳҳои сабзу хуррам, дарёҳо, майдонҳои васеи киштзор дар хамсоягӣ бо вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Варзоб ва дар марзи водии зарнигори Ҳисор ҷой гирифта, атрофи пойтахти мамлакат-шаҳри Душанберо иҳота намудааст. Мавзеъҳои нотакрори ҳавзаи Кофарниҳон, шаршараи «Мағмуруд», чашмаи «Шуриён», обу боғҳои «Бибихурум» ва мавзеи «Гулзор», ҷангалзорҳои атрофи ғори «Чилтан», «Нови паҳн»-и қаторкӯҳҳои Ғозималик, бӯстонсаройҳои Сарикиштии пойину боло, ангурбоғи Роҳатӣ, меваҳои Рангон, сабзавоти Қӯштеппа, аспҳои зоти тоҷикии хоҷагии «Асппарвар»-и Султонобод, гармхонаю гулҳои Қӯштеппа ва Чимтеппа низ ба ифтихороти мардуми ноҳия мансуб мебошанд. Сарчашмаҳои таърихию бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксари минтақаҳои ноҳия ба мисоли масҷиди Мавлоно Яқуби Чархӣ, Теппаи Самарқанд, Чоргултеппа, Тоҷхон, Бачамазорсой, Масҷиди Кампирқалъа, Эсанбой, Хоҷабулбулон, Қалъаи Кофарниҳон, Хоҷа бехоб ва Намозгоҳ мавҷудияти ҳазорсолаҳо ва таърихи бою қадима доранд.
Шаҳри Душанбе
Шаҳри Душанбе дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ инфрасохтори мукаммал беш аз пеш фаъолият ва хизмат мерасонад, ки ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва техникӣ мубаддал гаштани пойтахти кишварамон ҳамзамон, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила мустаҳкам кардани имиҷи кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт, инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ғайра мусоидат менамоянд.
Айни замон дар ҳудуди шаҳр 40 меҳмонхона ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд. Ҳамзамон, мавҷудияти 10 боғи фарҳангу фароғатӣ, се боғи ҷумҳуриявӣ дар маркази пойтахт макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳони кишвар гаштааст.
Яке аз масъалаҳои муҳими баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, ин узвият ба созмонҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Бояд қайд намуд, ки яке аз чунин ташкилотҳо, Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, раёсати федератсияро шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳри дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, шабакаҳои меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шомили федератсияи мазкур мебошанд.
Тибқи стратегия шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ хоҳад шуд.
Айни замон як қатор ширкатҳои сайёҳӣ хатсайрҳои гуногунро ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла мавзеъҳои диданибоби шаҳри Душанбе, Душанбе-Қалъаи Ҳисор, Душанбе-Сафед-дара, Душанбе-Норак (ду намуд), Душанбе-Искандаркӯл (ду намуд), Душанбе-Варзоб, Душанбе-Ромит, Душанбе-Муъминобод (бо фарогирии ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб), Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Шаҳритуз (бо фарогирии мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»), Душанбе-Бадахшон мунтазам роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3 ёдгории бостонӣ қалъаи Мир (Боғи Ирам), димнаи Шишахона, шаҳраки Чормағзтеппа, қалъаи Искандартеппа, 4 ёдгории монументалӣ, аз қабили маҷмааи меъмории Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи меъморӣ ва монументалии Садриддин Айнӣ ва 12 ёдгории меъморӣ мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонон қарор дода шудааст. Дар шаҳр 62 тарабхона, 70 қаҳвахона, 156 ошхонаи миллӣ, 5 маркази дилхушӣ, 9 хизматрасонии хушкашӯи, 2 чойхона, 59 муассисаи табобатию профилактикӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамояд.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ шаҳри Душанбе аз лиҳози таъмини амнияти шабона ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарин ворид шудааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат намуда, дар ин замина тамоми иншооти таърихию фарҳангии шаҳр ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудааст.