Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли «Ванадий»-и Коргоҳи фаръии «Истеҳсоли гидрометаллургӣ» шинос шуданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли “Ванадий”-и Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ”  бо хатти истеҳсолӣ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд. Бояд қайд кард, ки коргоҳи мазкур аз солҳои 80-ум инҷониб бе кор буд ва пас […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888” дар арафаи Иди саиди Фитр  чун оини неки инсондӯстона ба 80 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд. Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888»-ро ифтитоҳ намуданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Дар корхонаи нави саноатӣ, ки масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, асосан радиатор – таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва […]

Оғози cафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти […]

Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони азиз! Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям. Дар моҳи мубораки Рамазон ва […]

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

1. Сардори Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита -1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон – таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ; ​- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; – донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти милли, забони давлатӣ ва як забонӣ хориҷӣ; – донистани […]

Баррасии масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вохурии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

5 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, осоишгоҳҳу табобатгоҳҳо, блогерон, ассотсиатсияҳо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Нахуст раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод бо сухани ифтитоҳи ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, ба ҳамаи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои саҳм гузоштан дар […]

ЗЕБОТАРИН КИШВАРИ ДУНЁ

Сафарноманависи маъруфи англис Ҷоэл Дэй дар сомонаи интернетии рӯзномаи сертарафдори “Daily Express”-и Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оид ба зарфиятҳои бойи сайёҳӣ ва табиати нотакрори Тоҷикистон таҳти унвони “Зеботарин кишвари дунё” мақола нашр намудааст. Дар мақола муаллиф қуллаҳои барфпӯши осмонхароши кӯҳсорон ва манзараҳои дилрабои ин диёри офтобиро дар рӯи […]

Анҷоми сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман – Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

5 апрел Пешвои миллии халқи туркман – Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баъди анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт. Бо нишони эҳтирому самимияти баланд меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд. Ёдовар мешавем, ки сафари расмии Пешвои миллии […]

Мулоқот бо Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

5 апрел дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот карданд. Зимни вохӯрии самимӣ натиҷаҳои мулоқоту музокирот дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ […]