Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маркази саломатии бисёрсоҳаро мавриди истифода қарор доданд

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияро ифтитоҳ намуданд. Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя аз маблағҳои Бонки исломии рушд ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ […]

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди  филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд.  Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди иншооти сохташаванда, як бинои 9-ошёна, ду бинои […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара Маркази рушди малакаҳои касбиро ифтитоҳ намуданд

24  май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 – уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд. Бинои […]

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев ба Эъломия дар бораи шарикии […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои пазироӣ ва […]

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри Загулба баргузор шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии […]

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар! Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям. Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузоштанд

22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони […]

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ ва таъзия бинобар даргузашти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд

22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр –  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони […]