Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум, Хонумҳо ва ҷанобон, Нахуст дӯсту бародари гиромии худ, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашонро бори дигар хайрамақдам мегӯям. Мо аз идомаи пайвастаи раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем. Музокироти мо зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ […]
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Покистон ва нишасти матбуотӣ

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии […]
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

2 июл баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. “Мо имкониятҳои тиҷоративу […]
Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро самимона истиқбол […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд

2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид. […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ шуд. “Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳониро яке аз […]
Муаррифии Тиргон ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ

30 июни соли 2024 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва меҳмонону сокинони пойтахт бо як шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар баробари дигар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ гӯшаи сайёҳии мамлакат ташкил […]
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Тиргон

Ҳамватанони азиз! Имрӯз дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллӣ – Тиргон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям. Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмиву адабии гузаштагони мо омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ […]
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд. Таъкид […]
МУЛОҚОТ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ БО ГУРӮҲИ ДӮСТИИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДӢ

28-уми июни соли 2024 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доктор Муҳаммад ибни Абдулазиз Ал-Ҷарбо мулоқот намуд. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ пас аз сухани ифтитоҳӣ, ба меҳмонон оид ба мавҷудияти имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, зиёратӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Ҷумҳурии […]









