Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми […]
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ карда шуд. Президенти кишвар муҳтарам […]
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд

Мавриди тазаккур аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ баҳри шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори ҷумҳурӣ ба мамлакат ташриф меоранд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд. Ба қавли таърихшиносон, дар замони то истиқлол иншооти зиёди бостонӣ […]
Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ баргузор гардид

22 июл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Форел»-ро мавриди истифода қарор доданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бинои тарабхонаи “Баҳор — Форел” — ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти муосири хизматрасониву сайёҳӣ мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино ҶДММ «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”-ро ба истифода доданд. Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Гуруҳ»-ро ифтитоҳ намуданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат, дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гуруҳ” марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ «Нонпаз»-ро ба истифода доданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот дар заминаи корҳои ободонию созандагӣ ба […]
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ

Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ноҳияи Ванҷ 35 миллиону 192 ҳазору 800 сомониро ташкил дода, суръати рушд ба 110,8 фоиз баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 431 ҳазору 800 сомонӣ зиёд мебошад ва ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия мусоидат намудааст. Қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия […]
Мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ванҷ» баргузор гардид

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар ин робита, дар ноҳия Ванҷ мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ванҷ» баргузор гардид. Дар ин хусус фармоиши раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати […]









