Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар консерти устодони санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд

8 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид. Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом […]
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси […]
НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз тибқи Нақшаи ташкили гузаронидани нишатсҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 9:00 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла хабарнигорони “АМИТ Ховар”, “Азя Плюс”, “ИТАР – ТАСС” шабакаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо”, “ Сафина”, “Сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Мир”, “Илм ва табиат”, “Душанбе HD” шабакаҳои радиоии […]
ЯҒНОБ-НИШОНЕ АЗ СУҒДИЁНИ ҚАДИМ. Ин водии афсонавии Тоҷикистон дорои зарфияти хоси табиӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ аст

Дар шимоли Тоҷикистон, дар оғӯши кӯҳҳои барфпӯши Зарафшон як пораи таърихи зиндаи таърихи бостонии тоҷикон — мардуми яғнобизабон–суғдиёни қадим сукунат доранд, ки аз ҷониби муҳаққиқону донишмандон ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон эътироф гардидаанд. Яғноб — «дараи яхин» ва «дараи фарох» Яғноб калимаи суғдӣ буда, онро муҳаққиқон ба маънии «дараи яхин» ва «дараи фарох» тафсир кардаанд. […]
Meeting with the President of the Islamic Republic of Iran Masoud Pezeshkian
On 30 July, the Founder of Peace and National Unity – Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, Honorable Emomali Rahmon, met with the President of the Islamic Republic of Iran, Masoud Pezeshkian Initially, the Head of our State, Honorable Emomali Rahmon, congratulated Honorable Masoud Pezeshkian on the occasion of the beginning […]
Иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд. Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом аз наздики 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор сарони давлатҳо, роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногун, ҳамчунин намояндагони зиёд аз созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба Теҳрон […]
Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ

30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон […]
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро ба муносибати оғози фаъолияташон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, ба он кас хоҳони комёбиҳо шуданд. Пешвои […]
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф

Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро […]
Оғози сафари корӣ дар Теҳрон

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён вориди шаҳри Теҳрон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии меҳмони олимақом […]









