Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардониданд

14 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва туҳфаҳо ба дорандагони ҷоизаҳои олимпӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]

Соҳилҳои Сирдарё ба макони истироҳат табдил дода мешаванд

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд дар ду соҳили  Сирдарё  барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид  фароҳам оварда мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ  дар ду соҳили Сирдарё шинос шуд. Иттилоъ дода  шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаҳои масъули Дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Вйетнам ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик  намоям. Ба Шумо сиҳатмандии комил, […]

МУЛУОҚОТИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ ШАҲРИ БАТУМИ ВА РОҲБАРИЯТИ ДЕПАРТАМЕНТИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ БАТУМИ

Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Гуриҷстон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи сайёҳии ин кишвар 12 августи соли 2024 мулоқоти Камолиддин Муминзод – Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси шаҳри Батуми – Арчил Чиковани ва роҳбарияти Департаменти сайёҳии шаҳрии Батумии Гурҷистон баргузор гардид. Ҳангоми мулоқот ҷониби гурҷӣ суханро оғоз бахшида, сафари ҳайати Тоҷикистонро […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории «Зиҷин»-и Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд

12 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ ва нақшаҳои ояндаи муштарак баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, ин ширкат дар Тоҷикистон ба истеҳсоли мис […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Фумио Кисида бо ибтикори он ҷониб баргузор гардид. Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон дар робита ба заминларзаи шадиде, ки чанде пеш дар Ҷопони дӯст рух дода буд, ҳамдилӣ ва дастгирии худро изҳор доштанд.   Сипас, Пешвои миллат дарки ҷониби Тоҷикистонро аз […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

12 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия муҳтарам Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, Хабари суқути  ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар робита […]

Идомаи сафари ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Гурҷистон

Дар идомаи сафар ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Гурҷистон бо дидан намудан аз якчанд мавзеъи сайёҳӣ ва таърихии шаҳрҳои Тифлису Мтсхета ва шиносоӣ бо тарзи қабули сайёҳон дар нуқтаҳои хизматрасонии ин давлати рӯ ба тараққӣ дар соҳаи сайёҳӣ оғоз намуданд. Дар ин доира намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат бо таҷрибаи ғании ширкатҳои сайёҳӣ […]

Сафари ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон ба Гурҷистон

Тибқи розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҳайати масъулон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳоти Тоҷикистон”, вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ барои омӯзиш ва табодули таҷриба дар Ҷумҳурии Гурҷистон қарор доранд. Тибқи нақша ҳайат аз мавзеъҳои сайёҳии Гурҷистон дидан менамояд […]

Иштирок дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

9 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд. Сарони […]