Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад […]

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9 дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Баъди пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ ва ифтитоҳи расмии муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Теҳрон

24 августи соли 2024 дар Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чорабинӣ оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазоратҳои умури хориҷа, мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Теҳрон, Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), муассисаи фарҳангии СҲИ, мудирони аршади соҳаи сайёҳии Эрон ширкат […]

Иди тарбуз, харбуза ва каду

Кумитаи рушди сайёҳӣ барои иштироки фаъолона ва ташкили гушаи намоишӣ дар чорабинии Иди тарбуз, харбуза ва каду бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуд.

Иди тарбуз, харбуза ва каду

25 августи соли равон дар боғи фарҳангӣ – фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор гардид, ки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати расмӣ аз гушаи оросташудаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ба муносибати Иди тарбуз, харбуза ва каду дидан намуданд. Дар чорабинии мазкур Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо анвои […]

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош»-и шаҳри Душанбе шинос шуданд

23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд. Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти кишоварзӣ, […]

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар барномаи консертии бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон

22 август дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев консерти дилнишини ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи ду давлат дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва […]

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев “Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро имзо намуданд.Сипас, санадҳои зерин ба имзо расиданд: – […]

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок намуданд

22 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Қасри миллат дар маросими муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи ҷомеа, ба […]

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Қосим-Жомарт Токаев барои таваҷҷуҳи шахсиашон ба таҳкими […]