Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба фаъолияти Ҳавзи обсофкунӣ оғоз бахшиданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти Ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзи мазкур бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии сокинон бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ […]

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро мавриди истифода қарор доданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бинои маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Азизов бо усули муосири меъмории ҷавобгӯ […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки […]

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ ба хизматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

4 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо […]

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи гузаронидани интихоботимашваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 2 сентябр то 2 октябри соли 2024 гузаронида шавад.2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо […]

Дарси сулҳ

Тамошои дастҷамъонаи Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими маҷозии ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ Фироқӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ ба таври маҷозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов сурат […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш

Ҳамватанони гиромӣ! Муҳтарам кормандони соҳаи маориф! Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳозирини гиромӣ! Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ ва дар Рӯзи дониш иштирок намуданд

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Беларусро бо рӯйдоди хотирмон – ҷашни 70-солагии зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфта, ба муҳтарам Александр Лукашенко сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин ба нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд. […]