Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба ятимон туҳфаҳои идона тақдим намуданд

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Туҳфаҳои Пешвои миллат аз сару либос, лавозимоти хониш ва маблағҳои […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти ҶДММ «Рахшона» шинос шуданд

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд. Гуфта шуд, ки аз соли 2018 инҷониб дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо таваҷҷуҳ ба дастгириҳои Ҳукумати кишвар, хусусан […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро мавриди истифода қарор доданд

7 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Кори боэътимоди неругоҳ бо гузоштани танга дар болои агрегатҳо ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид. Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирин агрегати он соли 1957 бо тавоноии […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон «Корхонаи металлургии тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон “Корхонаи металлургии тоҷик” – ро ифтитоҳ намуда, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд. Иншооти нави саноатӣ дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Узбекистон бунёд шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии […]
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд

6 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои интенсивии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» боздид намуданд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои себ ва хучи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ширкат дар ихтиёри худ 16 гектар боғ ва дигар заминҳои кишоварзӣ дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ имконияти зиёд кардани боғҳои ангур ва […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои «Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон»-ро ифтитоҳ намуданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои “Меҳмонхона – истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-ро, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои “Меҳмонхона – истироҳатгоҳи лаёқатмандон” бо тарҳу сохти меъмории муосир сохта шуда, аз […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд. Бунёди бинои нави Беморхона дар доираи татбиқи “Лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак” […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ҶДММ «Тоҷ-Агро» шинос шуданд

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” боздид намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст имкониятҳои обёрӣ ва боғу токзори бо усули нав бунёдшуда муарифӣ карда […]









