Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуъ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дорои 33 синфхонаву ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар синфхонаҳои фаннии химия, физика, технологияи иттилоотӣ […]
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон, яъне 33-солагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро таҷлил карда истодаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор ва шумо – ҳозирини гиромиро бо ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик мегӯям. Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз ҷониби Ҳукумати […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор ва иштирокдорони вохӯриро бо санаи муҳими таърихӣ – 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз рӯйи лавҳаи рамзии Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд. Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи «Сайёҳ»-ро ифтитоҳ намуданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи “Сайёҳ”-ро, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Бинои меҳмонхона ва маркази савдо аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст. […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор доданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи 5 миллион сомонӣ […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти корхонаи бандубасти меваи хушки ҶДММ «Неруи Канд» оғоз бахшиданд

10 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Неруи Канд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур дар доираи татбиқи “Солҳои рушди саноат” ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Наврӯз Юсуфов дар масоҳати 40 садяк замин […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-ро мавриди истифода қарор доданд

10 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ба номи “Нури Робия”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, сарпарасти Фонди хайриявии “Музаффар” Даврон Ҷураев аз нав бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Кӯдакистон ҳанӯз соли 1936 сохта шуда, соли 1999 […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом-Кӯчкак шинос шуданд

10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом-Кӯчкак шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ ва Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, кор дар 4 минтақаи вилояти Суғд, аз ҷумла, […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба наврасони ятим туҳфаҳо тақдим намуданд

10 сентябр дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи наву замонавии “Хосият”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Соҳиба Исроилова бунёд гардидааст, чун оини неки инсондӯстӣ ба 80 нафар наврасони ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд маҷмуи сару либоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, […]









