Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд

12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии “Майдонтерак”-и деҳаи Кӯҳдоман ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Майдонтерак ба 78,50 гектар баробар буда, 40,43 гектари онро заминҳои обӣ, беш аз 33 гектарро заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон […]

резиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуданд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод шинос шуданд. Масофаи умумии роҳ 76 километрро дар бар гирифта, ҳоло 3500 коргару мутахассис бо истифода аз 400 техникаву механизмҳо барои ба анҷом расонидани сохтмон фаъолият доранд. Сохтмони […]

ИФТИТОҲИ ГУЛГАШТ, ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ВА МАЙДОНЧАИ МУОСИРИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ САНГВОР

Дар доираи сиёсати созандаи варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ иншоотҳои гуногунсоҳа бунёд гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд. Ин навбат низ дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯсту худогоҳ гулгашт, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи муосири […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ ҳамаи сокинони заҳматқарини ноҳияи Нурободро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки мардуми […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида хонаҳои истиқоматӣ супориданд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои нави истиқоматиро, ки барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бунёд шуда буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, ба корҳои анҷомдодаи сохтмончиён баҳои баланд доданд. Биноҳои нави истиқоматӣ […]

РАШТОНЗАМИН. Дар ин минтақаи хушманзараи Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ояндадор аст

Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо обҳои зулолу мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳсорони пур аз ганҷ ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш рушд […]

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатиро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд. Боғи мазкур дар масоҳати умумии 12,6 гектар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и “Роғун” бо тарҳи муосир бунёд шуда, яке аз маконҳои асосии сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳия ва […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии “Шолидара-Дарбанд”-ро ба истифода доданд. Сарбанди асосии оби сарди поку мусаффо, ки аз пиряхҳо сарчашма мегирад, дар мавзеи Шолидара воқеъ аст ва аз маркази ноҳияи Нуробод дар масофаи 14 километру 420 метр дур мебошад. Аз ин масофа то […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Мактаби ронандагии муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаро ба истифода доданд

11 сентябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод идома ёфт. Сарвари давлат бинои мактаби ронандагии Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаро мавриди баҳрабдорӣ қарор доданд. Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти номбурда дар масоҳати 0,63 га бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз […]

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ноҳияи Нуробод

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нурободро мавриди истифода қарор доданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои шуъбаи мазкур бо назардошти тамоми шароити корӣ ва маишӣ бунёд […]