Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Сарвари давлат кулли сокинони ноҳияи Рашт ва иштирокдорони чорабиниро ба ифтихори ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз самимона табрик гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии «Даъвати глобалии Саммити Оянда» иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии “Даъвати глобалии Саммити Оянда”, ки аз ҷониби ҳамоҳангсозони он – Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия дар доираи раванди омодагӣ ба “Саммити Оянда” баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Хотиррасон мешавем, ки “Саммити Оянда” рӯзҳои 22-23 сентябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нави соҳаи маориф аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, минбаъд 780 хонанда метавонанд дар ду баст дар синфхонаҳои замонавии он таҳсил намоянд. Сарвари […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт биноҳои маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ ва маркази ташхису табобатиро мавриди истифода қарор доданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷуда мавриди истифода қарор доданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмону навсозии биноҳои беморхонаи марказӣ дар доираи лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм баъди азнавсозӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд. Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази шаҳраки Ғарм 2320 метри мураббаъ замин ҷудо […]
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод

Ҳамватанони азиз! Фарорасии ҷашни бузурги таърихӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳар як сокини сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Тоҷикобод ва ба ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ – самимона табрик мегӯям. Шумо хуб мушоҳида мекунед, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод сол […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот намуданд

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматдӯсти ноҳияро бо фарорасии ҷашни бузурги таърихӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар дастгирии пайваста ва […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қасри фарҳанг ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар доираи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Тоҷикобод бо тарҳи зебову муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст. Ба Сарвари давлат […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд

12 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд. Ҳоло деҳаи Сафедмун дорои 430-хоҷагӣ ва 4-ҳазор аҳолӣ мебошад. Маҳаллаи навбунёд аз 60 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш мулоқот намуданд

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд. Дар ибтидои вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Лахш ва ҳамаи иштирокдорони мулоқотро ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми мо рӯзи воқеан таърихиву тақдирсоз ва […]









