Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Форуми иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форум ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карданд.  Дар вохӯрӣ Сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро мавриди муҳокима қарор доданд.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки “идомаи […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии […]

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон 338 субъекти хизматрасон ва 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд

Масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  масъалаи танзими соҳаи сайёҳӣ ба зиммаи якчанд вазорату кумитаҳо гузошта шуда буд. Соли 2017 баҳри рушди соҳаи сайёҳии мамлакат ниҳоди мустақил — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад

Аз 25 то 27 сентябри соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) баргузор мегардад.  Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву […]

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расид

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 11 то 14 сентябр дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ҷараён дошт, ба анҷом расид. 14 сентябр Сарвари давлат аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарону фаъолон ва як гуруҳ соҳибкорони […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Даъвати глобалии Саммити Оянда»

Муҳтарам ҷаноби НАНГОЛО МБУМБА, Президенти Ҷумҳурии Намибия, Муҳтарам ҷаноби ОЛАФ ШОЛТС, Кантслери федералии Олмон, Муҳтарам ҷаноби АНТОНИУ ГУТЕРРИШ, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, Хонумҳо ва ҷанобон! Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Намибия ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои баргузории ин чорабинии муҳим дар раванди омодагӣ ба Саммити Оянда арзи сипос намоям.  Саммити Оянда на танҳо […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт

Ҳамдиёрони азиз! Кулли сокинони ноҳияи Рашт ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон самимона табрик мегӯям. Истиқлолу озодӣ барои мо неъмати азизтарини зиндагӣ ва сарвати муқаддастарине мебошад, ки аз баракати он имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дар Ватани озоди худ ҳаёти орому осуда ва шароиту имконияти кору […]