Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо хуб дарк мекунед, ки неругоҳи барқи обии «Роғун» барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад. Мо «Роғун»-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем. Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар ба […]
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд. Дар нақби турбинии мавзеи агрегати мазкур корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунӣ ва сементрезӣ ба анҷом […]
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзеи шаршараи МД “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе

27 сентябри соли равон дар даври ҷамъбастии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024») бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни мавзеи зебоманзари Шаршараи МД “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки бо […]
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи боздид аз Неругоҳи обии “Роғун” бо рафти кор дар нақбҳои обрави агрегатҳои №3 ва №4-и обқабулкунандаи доимӣ дар сатҳи 1152 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд. Корҳо дар деворҳои […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд. Сарбанди ҳимоявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар Оби […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳи обии «Роғун» шинос гардиданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд. Дар ин ҷой аз сатҳи баҳр дар баландии 1140 метр то 1300 метркорҳои таркишию хокбарорӣ, ки ҳаҷми умумии лоиҳавии он […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО «Роғун» шинос шуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд. Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати интиқоли барқи 220 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун»-ро ба истифода доданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун Маркази рушди малакаҳои касбиро ифтитоҳ намуданд

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳои касбӣ оғоз гардид. Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар шаҳри […]
Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ

Иштироки ҳайати соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон









