Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Пешвои миллатро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Дар ин зимн таъкид гардид, ки ҷониби Қазоқистон […]

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд. Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Аз самими қалб Шуморо бо зодрӯзатон табрик мегӯям. Шумо, барҳақ, ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар […]

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям. Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, молияву бонкдорӣ ва […]

Ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 4 октябри соли 2024 дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумита, намоянда аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси Кумита Холматиён Рустам ҳозиринро […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо изҳори […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот хонум Паэтонгтарн Чинаватраро ба муносибати интихоб шуданашон ба […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Дипломатияи варзишӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Давлати Қатар барои пазироии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоиди баргузории Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё изҳори сипос карданд. Сарвари […]