Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пурра таъмиру навсозӣ шудааст, боздид карданд. Варзишгоҳи марказӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҳисоби Фонди рушди ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 4,3 миллион сомонӣ навсозӣ карда шуд. Масоҳати иншоот […]
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро ифтитоҳ намуданд

октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба ноҳияи Рудакӣ ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи қаннодии «Шоҳасар» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муҳаммад Насриддинов дар масоҳати 2,42 гектар сохта шудааст. […]
Вохӯрии раиси Кумита бо Президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Олмон

24 октябри соли 2024 дар бинои Кумита мулоқоти Раиси Кумита Камолиддин Муминзод бо ҳайати олмонӣ, ки бо роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Олмон Норберт Фибиг ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд баргузор гардид. Дар оғоз роҳбарияти Кумита оид ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ба роҳ мондани […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии «БРИКС+» ва «БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар» иштирок ва суханронӣ намуданд

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб карданд. Муҳтарам Эмомалӣ […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуданд

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ дар қолаби «аутрич / БРИКС плюс», «БРИКС ва […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар намуданд

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар […]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия Прабово Субианто барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Индонезия ва оғози расмии фаъолиятатон дар ин маснади олӣ сидқан табрику таҳният мегӯям. Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба […]
941 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистонро тамошо намуданд

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3 фоиз зиёд аст. Дар ин давра шумораи шарвандони […]
Таҷлили Иди “Меҳргон”

20 октябри соли 2024 дар ҳошияи форуми байналмилалии сайёҳии “Travel HUB” Иттиҳод – 2024 ҷиҳати брендикунонии иди ниёгони мардуми тоҷик “Меҳргон” дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аблуқосим Фирдавсии пойтахт чорабинии бошӯкуҳ баргузор карда шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳии кишвар ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинӣ ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти […]









