Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ дар шаҳри Риёз

11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби  Арабистони Саудӣ барои ҳусни пазироӣ ва сатҳи баланди барпо кардани ин ҳамоиш изҳори сипос карданд. Сарвари давлати мо баргузории онро барои […]

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд

Шуруъ аз 10 то 15 ноябри соли равон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардиданд. Мақсади асосии ташкили хатсайрҳо сазовор таҷлил намудани […]

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ

10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад. Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ […]

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини Амири минтақаи Риёз шоҳзода Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сауд ва намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ самимона пазироӣ карданд.

Сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Турахон Исанқулов» шинос шуданд

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов” боздид намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба кишти ғалла оғоз бахшиданд. Дар кишти тирамоҳӣ дар заминҳои хоҷагӣ тухмии гандуми хушсифати “аср” кишт гардид. Иттилоъ дода […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6-ро мавриди истифода қарор доданд

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таҳсилоти томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ифтитоҳ намуданд

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Сарироҳи шаҳракаи Балхӣ бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тарбия ва омодасозии ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи фарҳангу санъат […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур бо беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба истифода доданд

8 ноябр Президенти Ӌумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои мазкур дар ҳошияи сиёсати бобарору бунёдкоронаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳу услуби муосир бунёд шуда, бо […]