Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
03:22, November 24, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 93 %
Pressure 1024 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба рӯзи парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон 22 ноябри соли 2024 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ҳамоиши тантанавӣ дар мавзӯи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи истиқлолият, сарчашмаи ифтихори миллӣ ва муаррифгари Тоҷикистон ба ҷаҳониён” бо иштироки Директои генралии КВД “Маркази иттилотиии хизматрасониҳои сайёҳӣ” Каримзода Тоҳир ва, намояндагони вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар ҳамоиши тантанавӣ баъд аз сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Ваҳдат Абдураҳимзода Шоира, Директои генралии КВД “Маркази иттилотиии хизматрасониҳои сайёҳӣ” Каримзода Тоҳир баромад намуда, қайд намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Қайд гардид, ки Парчами миллӣ имруз чун рамзи давлатдории точикон дар тамоми идорахои давлати, маъмури корхонаву муассиса, мактабу таълимгоххо парафшон буда, эхтироми Парчами милли карзи хар як шахрванд аст, зеро парчам як рамзи хоссаи истиклолият,сохибдавлати ва рамзи хастии миллат аст.

Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ аз ҷониби олим ва арбоби давлатии тоҷик, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қодирзода Далер Сайфулло вобаста ба муқаддасоти миллӣ парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад маърузаҳо пешниҳод карда шуд.

Баъд аз баргузории ҳамоиш иштикрокчиён тибқи хатсайри пешниҳодгардида аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат, ки бо табиати дилфиребу куҳҳои сарбафалаккашида ва чшмаҳои шифобахши худ, аз ҷумла дараи Ромит боиси диққати сайёҳҳони дохиливу хориҷӣ гаштааст дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дари Ромит ҳамчуни мнтақаи сайёҳӣ эълон гардида, бо мақсади ҳифзи ҳайвонот ва набототи ин минтақа мамнуъгоҳи фаъолият мекунад, ки табиати мамнӯъгоҳ аз мавзеъҳои зебои сабзпуш иборат буда, дар байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон- Сорбою Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо чой гирифтааст. Олами гуногуни набототу ҳайвонот, ва намудҳои нодиру камёфт, инчунин дар ҳолати муътадил қарор доштани мавзеъҳои ҷангалзор, чаманзори зебо ва намудҳои нодири растанй ва ҳайвонҳо ба ҳусни мамнӯъгоҳ ҳусн зам намуда, дар обҳои тозаю пуртуғёни мамнӯъгоҳ ширмоҳию сагмоҳй, гулмоҳию лаккамоҳй, моҳии белбинй зиндагй мекунанд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.36
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.13
RU TJS/RUB0.1
23 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 23 Nov 2024 00:35 UTC
Latest change: 23 Nov 2024 00:35 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
03:22, November 24, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 93 %
Pressure 1024 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph