Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:27, November 20, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 71 %
Pressure 1022 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар»-ро ба истифода доданд.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.

Пешвои миллат бо ишора ба саҳми бонувон дар рушди соҳибкорӣ, таъкид карданд, ки ҳар иқдоми дар ҳар як самт анҷомдодаи занон шоёни дастгирист. Ба роҳбарияти корхона тавсия доданд, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, дар таъмини фаровонии бозор саҳмгузор бошанд.

Раванди истеҳсолот дар ин корхона қариб ҳамаи зинаҳои парандапарвариро дар бар гирифта, тариқи наслгирии инкубаторӣ аз як тухмхобонӣ қариб 270 ҳазор чӯҷа гирифта мешавад.

Минбаъд парвариши чӯҷаҳо идома дода шуда, асосан ба истеҳсоли гӯшт равона карда мешаванд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар ҷамъият беш аз 250 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҶДММ “Назар” бо тамғаи молии “Далерон” яке аз калонтарин корхонаҳои вилояти Суғд аст, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми намоён дорад.

Нақши корхона дар татбиқи Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бориз аст.

Барои васеъ намудани самти фаъолият ва зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ҷамъият аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок истифода мешавад.

Дар ин корхона истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат баробар ба 5 тонна мебошад.

Ширкати мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти босамар дошта, дар он зиёда аз 150 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки парандапарварӣ тайи солҳои охир  яке аз соҳаҳои рӯ ба рушди бахши кишоварзӣ дониста мешавад. Он соҳаи самаранок ва сермаҳсул буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад, нақши калидӣ дорад.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд қариб 150 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки ҳиссаи онҳо дар таъмини аҳолӣ бо гӯшт ва тухми паранда барҷаста мебошад.

Мувофиқи иттилои вазорати кишоварзӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 13 миллион сар паранда парвариш карда мешавад, ки 5,5 миллиони онро мурғи гӯштӣ ташкил медиҳад. Дар натиҷаи татбиқи амалии Барномаи маҷмаавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023- 2029 пешрафти ин бахши муҳим ба назар мерасад. Дар заминаи ҳамин барнома ва имтиёзҳои давлатӣ воридоти гӯшт ва тухми паранда 6-7 маротиба коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла солҳои қаблӣ 150 ҳазори тонна гушти паранда ворид мешуд, ҳоло бошад танҳо 2 ҳазор тонна. Дар соли равон 1 миллиарду 300 миллион дона тухм истеҳсол шудааст ва кишвари мо ҳоло ба содироти ин маҳсулот ба хориҷа ҳам шуруъ намудааст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.5
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.25
RU TJS/RUB0.11
20 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 20 Nov 2024 13:15 UTC
Latest change: 20 Nov 2024 13:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:27, November 20, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 71 %
Pressure 1022 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph