Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
07:36, November 22, 2024
temperature icon 5°C
Humidity 93 %
Pressure 1022 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

7 ноябр зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бо фарогирии 6 корхонаи истеҳсолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва амалигардонии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Холмаҳмад Чиллазода дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант 1,8 гектарро дар бар гирифта, он дорои корхонаи коркарди шиша, коргоҳҳои истеҳсоли макарон, маводи шустушӯӣ, дастпӯшак, рангҳои сохтмонӣ, мебел, инчунин биноҳои маъмурию хоҷагидорӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти коргоҳҳо ва иншооти ёрирасон мебошад. Арзиши лоиҳавии Парки инноватсионии саноатию технологӣ зиёда аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ нахуст корхонаи коркарди шишаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи коркарди шиша дар масоҳати 2920 метри мураббаъ бунёд гардида, дар он дастгоҳу таҷҳизоти муосир ворид ва насб карда шудааст. Дар корхонаи мазкур коркарди шиша ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикию металӣ роҳандозӣ гардидаст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона бо истифода аз дастгоҳу технологияи нав коркарди шиша бо усулҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхонаи навтаъсис коркарди аз 80 то 90 ҳазор метри мураббаъ шишаро ташкил медиҳад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва мутахассисон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро бо назардошти ташаккул ва рушди инфрасохтори шаҳру ноҳияҳои кишвар талабот ба дару тирезаҳои пластикию металӣ бо шишаҳои хушсифат зиёд аст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди шиша 9 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

            Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди истифода қарор дода, дар гӯшаи намоишӣ бо маҳсулоти корхона шинос шуданд. Дар ин ҷо 12 намуди мебел истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори солонаи коргоҳи мазкур аз 30 то 36 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, бо истифода аз хатти технологии коргоҳ истеҳсоли мебел бо тарҳҳои гуногун ва зебо ба роҳ монда шудааст.

Бо назардошти он ки соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад, дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли рангҳои сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хатти технологӣ дар коргоҳи мазкур хушсифат буда, дар он рангҳо бо шаклу намудҳои мухталиф барои сохтмони иншооти таъйиноти гуногун истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳ аз 350 то 370 тонна рангро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони коргоҳи истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар оянда доираи фаъолияти коргоҳро васеъ ва ҷойҳои кориро зиёд намоянд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакро мавриди истифода қарор доданд, ки дар он 5 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Гуфта шуд, ки маҳсулоти коргоҳи навтаъсис асосан дар корҳои сохтмониву васлгарӣ дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар ва сохтмону бунёди иншооти гуногун истифода карда мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳи навтаъсис аз 600 то 620 ҳазор ҷуфт дастпӯшакро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ коргоҳи истеҳсоли маводи шустушӯиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар коргоҳи мазкур 7 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, дар он истеҳсоли собунҳои хушсифату хушбуй ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи ин коргоҳи навтаъсис аз 240 то 260 тонна собунро ташкил медиҳад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷомеа, бунёди коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти шустушӯӣ аз ҷумла собунҳои хушсифатро зарур шумориданд. Дастур шуд, ки истеҳсоли маҳсулот минбаъд зиёд карда шуда, маҳсулоти ватанӣ бояд бо сифати баланд ивазкунандаи воридот бошад.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ коргоҳи истеҳсоли макаронро ба истифода доданд. Коргоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизот ва хатти технологии муосир таъмин карда шуда, дар он истеҳсол ва бандубасти макарон бо шаклу намудҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст. Дар коргоҳи истеҳсоли макарон 6 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, иқтидори солонаи коргоҳ аз 250 то 270 тонна макаронро ташкил медиҳад. 

Дар маҷмӯъ дар 6 коргоҳи Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант 55 нафар бо кор таъмин гардиданд, ки фаъолияти доимии онҳо ба зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонданд. Ба масъулон ва мутахассисони коргоҳҳои Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант дастур доданд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ҷойҳои кориро зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоянд ва иқтидори содиротии кишварро тақвият бахшанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар шаҳри Левакант 34  корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо истеҳсоли орд, сабӯс, пахта, карбомид, амиак, семент, хишти пухта, хишти сементӣ, сангреза, симчӯби бетонӣ, мебел ва либосҳои мактабӣ истеҳсол карда мешавад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.49
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.23
RU TJS/RUB0.11
22 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Nov 2024 00:05 UTC
Latest change: 22 Nov 2024 00:05 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
07:36, November 22, 2024
temperature icon 5°C
Humidity 93 %
Pressure 1022 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph