Рӯзи 4 ноябри соли 2024 дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар таҳкими санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи сайёҳии кишвар” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон – Рустам Холматиён оғоз башида, ҳоизринро бахшида ба 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгарӣ манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқадам бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, бо бархӯрдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро касб менамояд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва иштирокчиён вобаста ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он ҷиҳати ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ки дар ин муддат рушд кард, маърӯзаҳо пешниҳод ва хатсайрҳои сайёҳии шаҳри Турсунзода муаррифӣ гардид.
Ҳамзамон, доираи чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлаии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони бахши сайёҳии кишвар барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила фароҳам овардани шароит ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахшида ба ҷашни 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Баъд аз ҳамоиш ҷиҳати боздид намудан аз имкониятҳои сайёҳии шаҳри Турсунзода аз ҷумла, сайёҳии кишоварзӣ, ки маъруфияти хоса дорад ва боиси диққати сайёҳони дохиливу хорҷӣ гардидааст, иштирокчиёни ҳамоиш аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғҳои ангурпарварии шаҳри Турсунзода дидан намуданд.