Дар идомаи сафар 28 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Департаменти рушди сайёҳии вилояти Свердловск ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳат бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои сайёҳи вилояти Свердловск ташкил карда шуд.
Ҳайати кишвар тибқи барнома дар ниммаи аввали рӯз бо иқтидорҳои сайёҳии шаҳри Екатеринбург шинос карда шуд.
Дар нимаи дуюми барнома ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ба шаҳри Арамили вилояти Свердловск рафта, бо деҳаи истироҳати оилавӣ таҳти номи “Парк сказов” шинос шуданд ва аз ин ошноӣ хеле розию қаноатманд баргаштанд.