Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:53, October 22, 2024
temperature icon 25°C
Humidity 27 %
Pressure 1012 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ TRAVEL HUB “ИТТИҲОД – 2024”

20 ОКТЯБР СОЛИ 2024 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ТАШАББУСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМКОРӢ БО КОТИБОТИ ШӮРОИ АСАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ TRAVEL HUB “ИТТИҲОД – 2024” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Мақсад аз баргузории форум муайян намудани самтҳои нави рушди сайёҳӣ ва дастгирии ин соҳаи афзалиятнок дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, пешниҳоди ташаббусҳои нави қонунгузорӣ дар ин самт, инчунин фароҳам овардани платформа барои табодули таҷриба ва маълумот дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар форум намояндагони мақомоти давлатии аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, парламент, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коршиносон ва соҳибкорон иштирок намуданд.

Инчунин дар форуми мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода, Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – Дмитрий Кобитский, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи қонунгузории палатаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва варзиш, раиси комиссияи доимии Ансамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои фарҳанг, ахборот, сайёҳӣ ва варзиш – Эркин Захидов, ноиби президенти Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои Россия, ноиби Иттиҳодияи саноати сайёҳии Россия – Алексей Мусакин, муовини директори генерали оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва сайёҳии осоишгоҳи куҳии “Роза Хутор” – Сергей Хворостяный, президенти ширкати ҳавопаймоии “UTair” – Олег Семенов ва дигарон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузор намудани форуми мазкур афзоиши гардиши сайёҳон ба кишварҳои ИДМ, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ, инчунин баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти кишварҳои аъзо, рушди ҳамкориҳои мутақобила ва табодули таҷриба байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.

Дар қисмати дуюми кори форум мастер – классҳо барои меҳмонхонаҳо, ҷаласаи стратегӣ, “G2G” вохӯриҳо ва вохӯриҳои рӯ ба рӯ “B2B” байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор карда шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.89
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.58
RU TJS/RUB0.11
22 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Oct 2024 03:50 UTC
Latest change: 22 Oct 2024 03:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
10:53, October 22, 2024
temperature icon 25°C
Humidity 27 %
Pressure 1012 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph