Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» баргузор гардид. Дар ҷараёни форум беш аз 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд.
Беш аз 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024»-ро, ки дар он дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории вилояти Хатлон муаррифӣ шуданд, тамошо намуданд.
Дар доираи форум доир ба мавзуъҳои рӯзмарраи иқтисоди рақамӣ, энергияи «сабз», истеҳсоли маҳсулоти органикӣ ва сармоягузорӣ дар тамоми бахшҳо — энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, савдо, фанновариҳои технологӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор доир гардид.
Имкониятҳои сайёҳию гардишгарӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло дар панели якум “Имкониятҳои сармоягузории минтақа барои рушди соҳаҳои энергетика, агросаноат, содирот ва сайёҳӣ” тариқи рӯнамо ба иштирокдорони форум пешниҳод гардид.