Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:32, October 18, 2024
temperature icon 19°C
Humidity 42 %
Pressure 1017 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 октябр Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ишкошим мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити бинои навбунёд шинос шуда, ба масъулин барои фаъолияти босамар, тарғиби ҳамаҷонибаи ҳадафу нақшаҳои созандаи ҳизб, ки ба ободониву шукуфоии бештари Тоҷикистон равона гардидаанд,  дастуру маслиҳатҳо доданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар маркази ноҳияи Ишкошим бунёд гардида, аз ду ошёна ва 4 ҳуҷраи барҳавои корӣ иборат мебошад.

Барои гузаронидани маҷлису вохӯриҳои хурд дар иншоот толори алоҳида мавҷуд аст. Инчунин иншоот дорои китобхонаи замонавӣ бо махзани ғании китоб ва ҳуҷраи алоҳидаи бойгонӣ мебошад.

Иншоот бо маблағгузории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Намои берунаи иншоот низ бо сабку усули муосири меъморӣ оро ёфта, ободониву сабзкорӣ дар гирду атрофи бинои нав бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Иброз гардид, ки кумита бо ҳамаи созмонҳои ибтидоии худ, ки теъдодашон дар ноҳия ба 61 адад мерасад, имконияти фароҳамовардашударо  барои тарғиби бештари  барномаву нақшаҳои созандаи ҳизб ва талқини ғояҳои ватандорӣ ҳамаҷонибаву самаранок истифода хоҳанд бурд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд ва таъкид доштанд, ки ҳар корманд ва аъзои ҳизб вазифадоранд, ки дар рушду ободонии кишвар ва татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи ҳизб ҳиссагузор бошанд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.87
US TJS/USD10.66
EU TJS/EUR11.58
RU TJS/RUB0.11
18 Oct · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 18 Oct 2024 03:55 UTC
Latest change: 18 Oct 2024 03:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
19:32, October 18, 2024
temperature icon 19°C
Humidity 42 %
Pressure 1017 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph