Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:27, November 22, 2024
temperature icon 13°C
Humidity 62 %
Pressure 1022 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва корхонаи «Сендвич Панел» шинос шуданд

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар маркази ноҳия сохта мешавад, шинос шуданд.

Зимни муаррифии лоиҳа масъулон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои мазкур аз панҷ ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,22 гектар сохта хоҳад шуд.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа 24 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ ба нақша гирифта шудааст. Мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохмонии иншооти ҳукуматӣ» – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳоло корҳои оҳану бетонӣ дар таҳхонаи иншоот бомаром идома дорад.

Дар сохтмони иншоот 28 нафар сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардида, бо гузариш ба ошёнаҳои якум ва дуюм иловатан 20 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Тавре таъкид гардид, таъмини хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи  онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино ба масъулон маслиҳатҳои муфид дода, зимни иҷрои корҳо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ ва риояи меъёри талаботи муосири шаҳрсозиро ҳатмӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамзамон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи корхонаи «Сендвич Панел» муаррифӣ карда шуд. Оянда  дар корхонаи мазкур бо насби технологияи нав истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла ангарҳои гуногунандоза ба роҳ монда мешавад.

Корхонаи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст  ба хотири таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот сохта мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхона асосан ба соҳаи моҳипарварварӣ, махсусан ҳавзҳои муосири парвариши гулмоҳӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар асоси фармоиш ҳамзамон истеҳсоли ангарҳои гуногунандоза барои бомпӯшнамоии иншооти ёрирасон низ ба роҳ монда мешавад.

Барои бунёди корхона аллакай 3,5 гектар замин ҷудо шуда, тахту ҳамворкунии зери иншоот амалӣ гардидааст ва корҳои сохтмонӣ бояд оғоз шавад.

Технологияи навтарин барои корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб  карда мешавад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки агар барои бунёди як ҳавзи парвариши гулмоҳӣ тавассути оҳану бетон то 100 ҳазор сомонӣ хароҷот шавад, арзиши ҳамин андоза ҳавзи металӣ ба 40 ҳазор сомонӣ баробар мегардад.

Ноҳияи Рӯшон барои парвариши гулмоҳӣ басо созгор аст. Барои парвариши ин навъи моҳӣ соҳибкорон аллакай 12 гектар заминро дар соҳили руди деҳаи Хуф  ба нақша гирифтаанд.  Дар ин мавзеъ оянда тавассути ангарҳои металӣ   ҳавзҳои муосири моҳипарварӣ бунёд гардида, имкони истеҳсоли 1000 тонна гулмоҳӣ ва таъмини наздик ба 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегардад.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи «Сендвич Панел» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин корхонаи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ноҳияи Рӯшон дар доираи сазовор истиқбол гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ 165 иншоот ба нақша гирифта шуда, 115-тои он аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва дар 50 иншооти дигар корҳои сохмонӣ идома дорад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.49
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.23
RU TJS/RUB0.11
22 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Nov 2024 04:15 UTC
Latest change: 22 Nov 2024 04:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:27, November 22, 2024
temperature icon 13°C
Humidity 62 %
Pressure 1022 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph