Рӯзи 9 октябри соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ки таҳти роҳбарии директори Департаменти рушди сайёҳӣ ва саноати меҳмондории вилоят Э. Туканова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд баргузор гардид.
Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, робитаи ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии дуҷониб ва омӯзиши таҷрибаи Федератсия Россия аз ҷумла, вилояти Свердловски ва ҷалби сайёҳону сармоягузорон дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.
Раиси Кумита маълумот дод, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дар самти рушди сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ, соддагардонии дастрасии раводид, роҳандозии низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ талоши онро дорад, ки дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба диёрамон ташрифоварда бо таассуроти хотирмон амну ором саёҳат намояд.
Ҳамзамон, масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Федератсияи Россия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ба роҳ мондани хатсайрҳои сайёҳӣ ва мубодилаи сайёҳони байни ду кишвар баррасӣ гардид.
Инчунин, ҷонибҳо бо инобати зиёд будани зарфиятҳои сайёҳӣ дар ҳарду кишвар барои бозҳам зиёд намудани шумораи гардишгарон аз ҳарду ҷониб баимзорасонии санадҳои нави ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳӣ ва мақомотҳои дахлдор баррасӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.