Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, муовини якум ва муовини раиси Кумита, роҳбарияти КВД “Маркази иттилоотӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ”, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории Кумита дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст муовини раиси Кумита Салимзода Зиёдулло оид ба “Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда ҳисобот манзур намуд.
Сипас тибқи рӯзнома барои натиҷагирии фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои давраи минбаъда сухан ба сардори шуъбаи сайёҳӣ дар вилояти Суғд ва мудири шуъбаи рушди сайёҳии шаҳри Кӯлоб дода шуд. Масъулин аз рафти корҳои анҷомдодашуда, вазъ ва ҳолати рушди соҳаи сайёҳӣ дар маҳал ва иҷрои нақшаҳои гуруҳи кории ҷумҳуривӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.
Аз ҷониби роҳбаряти Кумита ба роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва намояндагони сайёҳии шуъба ва бахшҳо дар маҳал ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Форуми глобалии сармоягузории Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ва баргузор намудани чорабинии намоишгоҳи сайёҳии “Travel HUB”, ки моҳи октябр баргузор мегардад дастуру супоришҳо дода шуд.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита барои натиҷагирии фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то ҷамбасти сол аз шунидани ҳисобтҳотҳо ва баррасиву музокироти масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ бо дастгирии якҷояи аъзоёни Ҳайати мушовара қаноатбахш арзёбӣ гардид.