Имрӯз дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (“Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024”) оғоз гардид, ки то 27 сентябр идома меёбад.
Дар кушодашавии DITE-2024 муовини Раиси шаҳри Душанбе -Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Камолиддин Муминзод, раиси Палатаи савдо ва саноат – Ҷамшед Ҷумъахонзода, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” – Абдулқосим Валиев суханрони намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории DITE-2024 ҷиҳати ташкили бозори сайёҳии минтақавӣ, муаррифии иқтидорҳои сайёҳии кишвар барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим, инчунин ба таври беҳтар пешкаш намудани хизматрасонӣ барои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар DITE-2024, ки субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.