Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:48, November 23, 2024
temperature icon 9°C
Humidity 87 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд

24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро ба мақсади ҳифзи амну субот ва таъмини рушди устувор зарур шумурда, ба сарони давлатҳо муроҷиат намуданд, ки бо мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шаванд.

Дар ин зимн Президенти кишвар бори дигар пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Сарвари давлат ҳамчунин оид ба зарурати татбиқи Рӯзномаи 2030 андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар ҳамоҳангӣ бо он татбиқ мегардад.

Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоботи Дабири кулли Созмони Милал, ки тибқи он ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2030 фақат ба 17 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда метавонад, изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки “нооромиҳои сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, гармшавии бесобиқа бар асари тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумлаи мушкилоти расидан ба рушди устувор мебошанд”.

Дар ин зимн зарур шумурда шуд, ки кишварҳо талошҳои худро ба хотири татбиқи саривақтии Рӯзномаи 2030 фаъолтар карда, ба масъалаи маблағгузории рушди устувор аҳаммияти махсус диҳанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб номида, пешниҳод карданд, ки “Маҷмаи Умумӣ дар иҷлоси навбатӣ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қатъномаи махсус қабул намояд”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди сиёсати  пешрафт дар соҳаи об ва беҳдошт, бо таҳлилҳои амиқ сухан гуфта, истифодаи заминаи “Раванди оби Душанбе”-ро барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милал муҳим донистанд.

Масоили вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, яке аз мавзӯъҳои асосии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025 ва “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эътироф шудани 21 марти ҳар сол ва ҳамчунин аз таъсис ёфтани “Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо” дар назди СММ истиқбол намуда, бо истифода аз фурсат, аз кишварҳо ва созмонҳои шарик даъват карданд, то  дар кори Конфронси аввалини сатҳи баланд оид ба масоили пиряхҳо дар шаҳри Душанбе соли оянда ширкат варзанд ва саҳм бигиранд.

Дар идомаи сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди “иқтисоди сабз” ва “энергияи сабз”-ро яке аз роҳҳои ҳалли муваффақонаи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо назардошти ин воқеият, кишвари мо Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро барои солҳои 2023-2037 қабул ва мавриди татбиқ қарор додааст.

Аснои суханронӣ Президенти кишвар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунин даъват намуданд, ки дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин, дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ амалҳои муштарак ва муассир анҷом диҳанд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки давлатҳои пешрафта, Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳалли масъалаҳои мубрам ба нафъи аҳли башар минбаъд низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳанд кард.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.36
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.13
RU TJS/RUB0.1
23 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 23 Nov 2024 00:35 UTC
Latest change: 23 Nov 2024 00:35 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:48, November 23, 2024
temperature icon 9°C
Humidity 87 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph