23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари талафоти ҷонӣ ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари таркиши газ дар яке аз конҳои ангишт дар Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Бинобар ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Эрон ва аҳли пайвандону наздикони фавтидагон маротиби ҳамдардӣ ва тасаллиёти ин ҷонибро иброз менамоям.
Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».