Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
15:36, November 25, 2024
temperature icon 16°C
Humidity 31 %
Pressure 1018 mb
Wind 15 mph
Wind Gust: 0 mph

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Дар зер рӯйхати мансабҳои холӣ ва талабот барои довталабон пешкаши хонандагон мегардад:

1. Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳӣ– 1 ҷой;

2. Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳӣ – 3 ҷой;

3. Мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳӣ – 1 ҷой;

4. Сардори раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ – 1 ҷой;

5. Сармутахассиси раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ – 2 ҷой;

6. Мутахассиси пешбари раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ – 1 ҷой;

7. Сардори шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой;

8. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой;

9. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой;

10. Сардори шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой;

11. Сармутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 2 ҷой;

12. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой;

13. Мутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой;

14. Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой;

15. Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой;

16. Мутахассиси пешбари бахши омор, ҷалби сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ – 1 ҷой;

17. Мудири бахши котибот, матбуот ва маркетинг – 1 ҷой;

18. Мутахассиси бахши котибот, матбуот ва маркетинг – 1 ҷой;

19. Сармутахассиси бахши коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби сардори раёсат – 4409,90 сомонӣ,

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби сардори шуъба – 2967.80 сомонӣ,

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мудири бахш – 2434.85 сомонь,

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби сармутахассис –2204,00 сомонӣ,

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мутахассиси пешбар – 1798,00 сомонӣ,

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мутахассис – 1484,00 сомонӣ,

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби сардори раёсат

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансаби категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби сардори шуъба

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби мудири бахш

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби сармутахассис

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

– мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

– мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби мутахассис

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

– мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

– шарҳи ҳол;

– нусхаи диплом;

– 2 дона расми 3х4 ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

– маълумотнома аз ҷои истиқомат;

– маълумотномаи доғи судӣ

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ муқарраргардида;

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

– маълумотнома (справка-объективка).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус),

Телефон барои тамос: 2 27 85 79

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.36
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.13
RU TJS/RUB0.1
25 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 25 Nov 2024 04:55 UTC
Latest change: 25 Nov 2024 04:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
15:36, November 25, 2024
temperature icon 16°C
Humidity 31 %
Pressure 1018 mb
Wind 15 mph
Wind Gust: 0 mph