Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:02, November 22, 2024
temperature icon 10°C
Humidity 87 %
Pressure 1021 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Ғолибони озмунҳои беҳтарин ролик ва беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе муайян ва қадрдонӣ шуданд

Шоми 27 август чорабинии сайри рӯзноманигорон ба инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе ва маросими ҷоизасупории озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе»  баргузор гардид.

Зимни он ғолибони «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе», ки дар ду номинатсия: «Шахсони ҳуқуқӣ» ва «Шахсони воқеӣ» баргузор гардид, муайян ва қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла,  дар номинатсияи «Шахсони воқеӣ» Дилбар Наҷмиддинзода сазовори ҷойи якум, Саидаҳмад Саидов сазовори ҷойи дуюм ва Фирдавс Бобоназаров сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Инчунин дар номинатсияи «Шахсони ҳуқуқӣ» ҷойи якум ба Муассисаи давлатии «Телевизион Душанбе», ҷойи дуюм ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳтур» ва ҷойи сеюм ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон трэвел» сазовор дониста шуд.

Ҳамзамон ғолибони «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» муайян ва қадрдонӣ шуданд. Барои беҳтарин акси сайёҳӣ суратгир Дидор Саъдуллоев сазовори ҷойи якум дониста шуд. Инчунин Шоҳрух Носирзода соҳиби ҷойи дуюм ва Фаррух Файзуллозода сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ғолибони озмунҳо барои ишғоли ҷойи аввал соҳиби 5 000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази асосии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатии мамлакат буда, рушду инкишофи ҷумҳурӣ аз набзи рӯзафзуни он иборат мебошад.

Таъкид шуд, ки ба истиқболи ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе симояшро ба куллӣ тағйир дода, бо ташаббусу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва азму талошҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни пойтахт ва шаҳрҳои азими минтақа бо мақому манзалати миллӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуда, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву иқтисодӣ, варзишиву оммавӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ табдил ёфтааст.

Барои ноил шудан ба ин мартаба инфрасохтори шаҳр пурра ҷавобгӯ гардида, бунёди босуръати иншооти маъмуриву маишӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, боғҳои истироҳативу фароғатӣ, муассисаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, қасру майдонҳои варзишӣ, роҳу пулҳои дохилишаҳрӣ, хизматрасонии мусоиди нақлиётӣ, гулгашту хиёбонҳои сабзу барҳаво, фазои амну осоишта ва муносибати неки шаҳрвандонаш исботи ин гуфтаҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз чорабинӣ барои рӯзноманигорон саёҳат ба мавзеъҳои зебоманзари шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.


Сарчашма: АМИТ «Ховар»

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.49
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.23
RU TJS/RUB0.11
22 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Nov 2024 04:15 UTC
Latest change: 22 Nov 2024 04:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:02, November 22, 2024
temperature icon 10°C
Humidity 87 %
Pressure 1021 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph