25 августи соли равон дар боғи фарҳангӣ – фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор гардид, ки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати расмӣ аз гушаи оросташудаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ба муносибати Иди тарбуз, харбуза ва каду дидан намуданд.
Дар чорабинии мазкур Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо анвои маҳсулоти полезӣ ва кишоварзӣ, намоишу фурӯши маҳсулотҳои ватанӣ фаъолона иштирок намуд.