Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:16, November 14, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 87 %
Pressure 1026 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Тағйироти кадрӣ

16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК  “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Ҷамшед ва Абдуллозода Саидасрор ба вазифаҳои масъули ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асозода Нуралӣ Муовини якуми вазири кишоварзӣ таъин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Салимзода Салим сардори раёсати кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Зулфия сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирзода Маҳмуд сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Сайазам сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арабзода Хуршед сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Тоҷиддин муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Собирзода Фарҳод директори корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ Вализода Одинашоҳ аз вазифаи  сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъин карда шуданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.47
US TJS/USD10.65
EU TJS/EUR11.2
RU TJS/RUB0.11
14 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Nov 2024 13:15 UTC
Latest change: 14 Nov 2024 13:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:16, November 14, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 87 %
Pressure 1026 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph