Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
03:56, November 24, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 93 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардониданд

14 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва туҳфаҳо ба дорандагони ҷоизаҳои олимпӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ҳузур доштанд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди онҳоро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ба варзишгарон ва ба мардуми кишвар табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки нишондоди онҳо дар таърихи соҳаи варзиши тоҷик дастоварди бузург мебошад ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ ва заҳмати содиқонаи худи паҳлавонон аст, ки аз як чорабинии бузурги ҷаҳонӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар байни 206 давлати дунё сазовори медал гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург, омили муҳими муаррифии давлату миллат, баланд бардоштани обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони тоҷик ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ҳамин тавр, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии намояндагони соҳаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” барои саҳми арзанда дар рушди варзиш, ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла дастоварди баланд дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024 намояндагони зерини соҳаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ – Болтаев Давлат Рустамович – узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс, Раҳимов Темур Бахтиёрович – узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо, Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич – узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ва Маҳмадзоир Исмоил – президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонида шуданд.

Ба се нафар ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ – Болтаев Давлат, Маҳмадбеков Сомон ва Раҳимов Темур калиди хонаҳо тақдим гардид, ки дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Имрӯз дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳар як ҷоизадори бозиҳои олимпии Париж соҳиби мукофоти давлатӣ – Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ – Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд то ҳамаи мураббиёни варзишӣ, ки саҳми намоён гузоштаанд, низ ба таври шоиста қадрдонӣ карда шаванд.

 Ёдовар мешавем, ки аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ баргузор шуд.

Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш ворид гардида, 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар он иштирок карданд.

Тоҷикистон бо се медали биринҷӣ миёни 206 давлати иштирокдор мақоми 79-умро касб кард.

Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов аз гӯштини ҷудо ва Давлат Болтаев аз бокс соҳиби медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж шуданд.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 14 варзишгар иборат буд.

Ҳамчунин, ду варзишгари дигари кишвар натиҷаҳои баланд нишон доданд. Виктор Рассадин дар гӯштини тарзи озод ҷойи панҷум ва Эмомалӣ Нуралӣ дар ҷудо ҷойи ҳафтумро касб карданд.

Ҳамин тавр, шумораи медалҳои олимпии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатии кишвар ба 7 адад расид – 1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ.

Дар охири суҳбат Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар паҳлавонон – ҷоизадорони Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024-ро бо дастоварди арзандаашон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ҷавонони бонангу номус бо садоқати баланд, масъулият ва машқу тамринҳои мунтазам дар мусобиқаҳои дигари варзишӣ бо натиҷаҳои аз ин ҳам баланд ба Ватан бармегарданд ва шарафи Тоҷикистонро дар арсаи олам ҳимоя менамоянд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.36
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.13
RU TJS/RUB0.1
23 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 23 Nov 2024 00:35 UTC
Latest change: 23 Nov 2024 00:35 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
03:56, November 24, 2024
temperature icon 6°C
Humidity 93 %
Pressure 1023 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph