Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:30, November 14, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 81 %
Pressure 1026 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Идомаи сафари ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Гурҷистон

Дар идомаи сафар ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Гурҷистон бо дидан намудан аз якчанд мавзеъи сайёҳӣ ва таърихии шаҳрҳои Тифлису Мтсхета ва шиносоӣ бо тарзи қабули сайёҳон дар нуқтаҳои хизматрасонии ин давлати рӯ ба тараққӣ дар соҳаи сайёҳӣ оғоз намуданд.

Дар ин доира намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат бо таҷрибаи ғании ширкатҳои сайёҳӣ ва усули хизматрасонӣ барои сайёҳон дар Ҷумҳурии Гурҷистон шинос шуданд. Таъкид гардид, ки барои ҷорӣ намудани чунин низоми хизматрасонӣ ба сайёҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва амалисозии нақшаҳои мукаммал дар ин самт аз манфиат холи нест.

9 август дар ҳошияи сафар ба Ҷумҳурии Гурҷистон дар шаҳри Тиблис вохӯрии масъулон Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳайати Идораи миллии сайёҳии Гурҷистон ва бахши хусусии ин кишвар баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаи тамоюли рушди саноати сайёҳӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гурҷистон баррасӣ шуд. Зикр карда шуд, ки дар замоне, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар рушди иқтисоди давлатҳо нақши муҳим дорад, тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон муҳим мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки сафари омӯзишӣ ва табодули таҷрибаи ҳайати Тоҷикистон ба Гурҷистон дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и МД “Маркази татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири омӯзиш ва таҷриба андӯхтани кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат ташкил гардидааст.

Гуфтан зарур аст, ки Ҷумҳурии Гурҷистон бо назардошти зарфиятҳои зиёд ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар иқтисодиёт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудааст. Ҳоло Гурҷистон яке аз кишварҳои дар соҳаи сайёҳӣ рушдёбанда маҳсуб мешавад. Гурҷистон ҳамчун мамлакати рушдёфта дар самти сайёҳӣ ба феҳрести панҷ кишвари беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2023 шомил шудааст.

Вохӯрии мазкур, умуман сафари ҳайати намояндагони бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Гурҷистон дар рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо таккони ҷиддӣ мебахшад. Ин омил боис бар он мегардад, ки таҷрибаи сайёҳии Гурҷистон аз тарафи мутахассисони тоҷик омӯхта шавад, сатҳи тахассуси онҳо баланд гардад ва амалӣ намудани таҷрибаи андухта дар Тоҷикистон ба рушди бештари соҳа замина гузорад.

Нимаи дуюми ҳамин рӯз ҳамчунин намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеъҳои дигари сайёҳӣ ва иншооти таърихии шаҳри Тифлис дидан намуда, бо дастовардҳои Ҷумҳурии Гурҷистон дар соҳаи сайёҳӣ шинос шуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.47
US TJS/USD10.65
EU TJS/EUR11.2
RU TJS/RUB0.11
14 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 14 Nov 2024 13:15 UTC
Latest change: 14 Nov 2024 13:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
22:30, November 14, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 81 %
Pressure 1026 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph