Тибқи розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҳайати масъулон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳоти Тоҷикистон”, вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ барои омӯзиш ва табодули таҷриба дар Ҷумҳурии Гурҷистон қарор доранд.
Тибқи нақша ҳайат аз мавзеъҳои сайёҳии Гурҷистон дидан менамояд ва ҳамчунин якчанд вохуриву мулоқотҳо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Гурҷистон дар назар аст.