Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.
Дар ин робита, дар ноҳия Ванҷ мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ванҷ» баргузор гардид. Дар ин хусус фармоиши раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаст.
Дар мусобиқа 14 тими гуногуни ноҳия иштирок намуда, аз ҷониби доварон ҷойи якум Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷойи дуюм беморхонаи марказии ноҳия, ҷойи сеюм раёсати молия, ҷойи чорум корхонаи давлатии фаръи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул муайян карда шуда, ба ғолибон мукофотпулӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.