8 июли соли 2024 дар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси имрӯза раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар, Ҳомидзода Насимҷон мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбарият ва ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва КВД “Маркази иттилоотӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ” иштирок намуданд.
Нахуст рузномаи маҷлис тасдиқ гардида, мақоми кории маҷлис интихоб карда шуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ” Камолиддин Муминзод раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Тазаккур дода шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ” тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар дар татбиқи сиёсати давлатии хориҷии соҳаи сайёҳӣ иштирок намуда, дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ саҳмгузор мебошад.
Сипас дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар баромад намуда, оид ба сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ, расидан ба қадри хизматҳои шоёни Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи кишвар, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30 солагии ҲХДТ ибрози андеша намуданд.
Дар охири маҷлис ба як қатор кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ дафтарчаи аъзогии ҲХДТ тақдим карда шуд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон