Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, Директори Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон, Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафолзода Комрон Муҳаммад баргузор гардид. Дар форуми мазкур инчунин меҳмонони дигар аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок доштанд.
Нахуст муовини якуми раиси вилоят бо ҳамроии меҳмонон аз намоишгоҳ дидан намуда, барои дастовардҳои арзандаи сокинони вилоят дар тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи рушди сайёҳӣ баҳои арзанда доданд.
Сипас, чорабинии расми бо суханронии муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон оғоз гардид.
Сафарзода Шарифхон Нураҳмад муовини якуми раиси вилоят меҳмононро ба ин гушаи зебои мамлакат хайри мақдам гуфта, зикр дошт, ки вазъи имрӯзаи соҳаи сайёҳӣ, дар маҷмуъ нишон медиҳад, ки соҳа моҳиятан ва мазмунан нисбати чанд соли пеш хеле васеъ гашта, хусусият ва паҳлуҳои навро касб менамояд.
Раванди рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало нишон медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ онро яке аз адафҳои асосӣ дониста барои рушду равнақи он тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намуданд.
Муовини якуми раиси вилоят зикр намуд, ки дар радифи дигар минтақаҳои кишварамон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон новобаста аз мушкилоти муаяйн дорои хусусиятҳои иҷтимоию табиӣ бо мусоидати Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути бунёди инфиирасохтори муҳими кулли хоҷагии халқ, аз ҷумла роҳу неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, объектҳои хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳои зарурӣ, соҳаи сайёҳи низ рӯ ба инкишоф ниҳод.
Бояд ёдовар шуд, ки айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 512 объекти соҳа фаъолият дошта, аз онҳо 120 меҳмонхона мебошанд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки аз 1167 объект, ки ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35 умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар вилоят сохта шуда истодаанд, 33 фисади онҳо дар соҳаи хизматрасонӣ буда, иншооти саноатӣ низ аксаран ба равнақи соҳаи сайёҳӣ нигаронида шудаанд.
Баъд аз баромади муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон , Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон дар мавзуи “Дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ, мушкилотҳои ҷойдошта ва роҳҳои аҳли он”, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, дар мавзуи “Имкониятҳои сайёҳӣ дар вилояти Хатлон”, Директори Агентии мехнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон дар мавзуи “Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон Сафолзода Комрон Муҳаммад дар мавзуи “Хифзи ёдггориҳои бузурги таърихӣ дар шоҳроҳи абрешим аз қадим то ба имрӯз” баромад намуданд.
Дар форуми мазкур пас аз баромадҳои асосӣ се панел, сайёҳӣ ҳомили муҳими рушди минтақаҳои кишвар, ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун омили шуғл ва арзишҳои миллӣ ва нақши ёдгориҳои таърихии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷалб ва рушди сайёҳии дохилӣ дар алоҳидагӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.