12 июни соли 2024 дар Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хабарнигорон баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов роҷеъ ба муҳимтарин тасмимҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маъруза намуда, имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги бойи тоҷиконро ба хабарнигорон муаррифӣ намуд.
Роҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон – CTOUR Ҳанс-Петер Гаул зимни баромади худ ҳадафи баргузории чунин чорабинии муштаракро ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон рабт намуд.
Зимни табодули афкор бо хабарнигорон Имомудин Сатторов ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи саёҳии кишвар, бахусус содда гардидани раванди сафар ба Тоҷикистон, посух дод.