Дар идомаи сафари расмӣ ба шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Муминзод Камолиддин бо директори минтақавии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Халиҷи Форс ва Ховари Миёна – хонум Басма ал Майман доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин ҷонибҳо доир ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ ва сафарбар намудани донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ҷиҳати таҳсил дар Донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар тибқи барномаҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.