Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:44, November 22, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 63 %
Pressure 1021 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 2 mph

Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ

16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро, ки барои иштирок дар нишасти прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Созмон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаашон комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъкиди таваҷҷуҳи пайвастаи Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дар робита ба саҳми арзандаи кишварҳои аъзо дар самтҳои муҳими фаъолияти ин созмон андешаронӣ намуданд.

“Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки сулҳу субот дар минтақаи ЭКО омили калидӣ барои расидан ба ҳадафи аслии Созмон, яъне рушду нумӯи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум аст”, изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ҳамзамон аз иқтидорҳои фарохи иқтисодӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ёдовар шуда, нақши мақомоти прокуратураро дар иҷрои вазифаҳои бағоят пурмасъули назорати риояи иҷрои қонунҳо ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият,  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа, таъкид намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишварҳо, оқибатҳои фалокатбори терроризм, зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароии сиёсию динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамаркуз намуда, идомаи ҳамкориҳои ҳамгироёнаи кишварҳои аъзо, бахусус мақомоти соҳавии онҳоро зарур шумориданд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва киберҷиноятҳо Тоҷикистон шарики табиии ҳамаи кишварҳо мебошад.

Дар мулоқот бори дигар омодагии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ бо ҳамаи кишварҳои дӯст мавриди зикр қарор гирифт.

Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳо, ки дар навбати худ ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои иқтисодии кишварҳои аъзои ЭКО мусоидат менамоянд, қарорҳои муҳим қабул хоҳанд гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин Прокурори генералии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сауд ибни Абдуллоҳ Ал-Муъҷиб, ки ба ҳайси меҳмон даъват шудааст, ҳузур дошт.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.49
US TJS/USD10.67
EU TJS/EUR11.23
RU TJS/RUB0.11
22 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Nov 2024 04:15 UTC
Latest change: 22 Nov 2024 04:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
17:44, November 22, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 63 %
Pressure 1021 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 2 mph